Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

МО НАСЛИ НАВРАС ВА ҶАВОНОНРО БОЯД ДАР РӮҲИЯИ ҲИССИ БАЛАНДИ МИЛЛӢ, ВАТАНДӮСТӢ ВА ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ ТАРБИЯ КУНЕМ. ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Асосӣ Хабарҳо Перомуни бонкдории исломӣ

Перомуни бонкдории исломӣ

4 – уми апрели соли 2019 дар толори диссертатсионии донишгоҳ бо ибтикори аъзои кафедраи фаъолияти бонкии факултети молия ва фаъолияти бонкӣ дар доираи ҳамкории ДДТТ бо Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Соҳибкорбонк” мизи мудаввар дар мавзӯи “Афзалиятҳои истифодаи таҷрибаи фаъолияти бонкдории исломӣ дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, доктори илми иқтисод, профессор Раҷабов Р.К., раиси Раёсати ҶСК – и “Соҳибкорбонк” Зардов Ш.Д. ва омӯзгорону кормандон доир гардид.

Нахуст профессор Раҷабов Р.К. бо сухани муқаддимавӣ ҳамоишро оғоз намуда, суханро ба Зардов Ш.Д. вогузор намуд. Мавсуф оид ба тарзи бонкдории исломӣ, афзалиятҳои он ва корбасти босамари таҷрибаи ин шеваи бонкдорӣ дар кишвари мо ибрози андеша кард.

 

Дар идомаи мизи мудаввар мудири кафедраи фаъолияти бонкӣ, номзади илми иқтисодӣ, дотсент Фариза Қурбонзода, М. Раҳимов дар мавзӯи “Роҳҳои ҷорӣ намудани низоми бонкдории исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Н. Раҳимов дар мавзӯи "Модели мизони исломии бонк", муаллими калони кафедра Шамс Ниёзов дар мавзӯи “Фарқияти бонкдории исломӣ аз бонкҳои анъанавӣ” ва иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедра, доктори PHD Басгул Исупова дар мавзӯи “Таҷрибаи ДДТТ дар самти омода намудани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи бонкдории исломӣ” суханронӣ карданд.

Дар анҷоми ҳамоиш нотиқон ба суолҳои аҳли нишаст доир ба масоили муҳимми бонкдории исломӣ посух гуфтанд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳо Перомуни бонкдории исломӣ