Панду андарзи судманд

Печать

5 – уми апрели соли 2019 дар кафедраи экспертизаи молҳо ва фаъолияти гумрукии факултети тиҷорат ва гумрук бо саъю кӯшиши муовини декан оид ба илм ва инноватсия Лоиқ Бӯриев ва мудири кафедра, доктори илми иқтисодӣ, профессор Нозимҷон Нидоев маҳфили илмӣ - адабӣ дар мавзӯи “Аҳамияти панду андарз дар рушди маънавии инсон” бо иштироки доктори илми иқтисодӣ, профессор Шодимурод Дӯстбоев, садорати факултет ва омӯзгорони кафедра гузаронида шуд.

 

Мавсуф дар бораи аҳамияти бузурги панду андарз ва ҳикмат дар зиндагии инсон, рушду такомули маънавию ахлоқии шахс ва китоби “Андарзнома” – и худ ибрози андеша намуда, ба суолҳои аҳли нишаст посух гуфт.

Шуъбаи робита бо ҷомеа