Андар ситоиши ҳунар ва ҳунарманд

Печать

13 – уми апрели соли 2019 дар доираи Солҳои 2019 – 2021 – Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Муассисаи давлатии “Боғи Ирам” озмуни ҷумҳуриявии “Кадбонуи беҳтарин” баргузор гардид, ки дар он 10 – нафар донишҷӯдухтари донишгоҳ иштирок намуданд. Онҳо зимни иҷрои шартҳои озмун маҳорату малакаи хуби кадбонугӣ нишон дода, таҳсину офарини аъзои озмун ва ҳозиринро сазовор гардиданд.

 

Оре, бонуи ҳунарманду чирадаст ба ҳар ҷо сарфароз аст, чун ҳунар чашмаи зоянда ва давлати поянда аст ва ҳунарманд ба ҳар ҷо, ки равад бар садр нишинад ва хорӣ набинад.

Бузургони олами маонӣ дар ситоиши ҳунарманд ва аҳамияти бузургу муҳимми касбу ҳунар дар зиндагии инсон панду андарзи афзун гуфтаанд. Ба байти зерин мутаваҷҷеҳ бошед:

Ҳунар омӯз, к – аз ҳунармандӣ
Даркушоӣ кунӣ, на дарбандӣ.


Шуъбаи робита бо ҷомеа