Ба ифтихори Рӯзи пойтахт

Печать

19 – уми апрели соли 2019 дар литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳамоиш дар мавзӯи “Гулҳои Душанбе” бо иштироки ректори донишгоҳ, доктори илми иқтисодӣ, профессор Фақеров Ҳ.Н., меҳмонон аз Ҷумҳурии Қазоқистон ва омӯзгорону хонандагон доир гардид.

Роҳбари донишгоҳ Ҳамидуллохон Фақеров зимни суханронии худ оид ба таҷлили Рӯзи пойтахт – Душанбешаҳр, зебоиву шукуфоии он, тарғибу тарвиҷи фарҳанги зебоишиносию зебоипарастӣ, корҳои ободонию хуррамгардонӣ ва гулкорию гулпарварӣ дар донишгоҳ ибрози андеша намуда, ба корҳои эҷодии хонандагони литсей баҳои баланд дод ва онҳоро таъкид намуд, ки барои боз ҳам зебою хуррам гардонидани кишвари биҳиштосои мо саҳми арзандаи худро гузоранд. Нотиқони дигар низ дар суханронии худ афкору ақидаи созандаю пурмазмуни роҳбари донишгоҳро дар мавриди густариши корҳои хуррамгардонию созандагӣ ва фарҳанги зебоипарастӣ ҷонибдорӣ намуданд.

Хонандагони литсей маҳсули эҷодии худро аз қабили гулҳои парваришнамуда, гулҳои рангаи коғазин, гулдӯзӣ ва дастагулҳо аз тухми растанӣ дар маърази тамошо гузоштанд. Ҳамчунин, хонандагони литсей дар мавзӯи “Гул – илҳомбахши инсон” суханронӣ карданд.

Дар анҷоми ҳамоиш фаъолияти хуби хонандагон – ризокорон дар мавриди ҳифзу нигоҳдории табиат ва муҳити зист таъкид гардид.

 

 

 

Шуъбаи робита бо ҷомеа ва шуъбаи кор бо ҷавонон