Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

МО НАСЛИ НАВРАС ВА ҶАВОНОНРО БОЯД ДАР РӮҲИЯИ ҲИССИ БАЛАНДИ МИЛЛӢ, ВАТАНДӮСТӢ ВА ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ ТАРБИЯ КУНЕМ. ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Асосӣ Хабарҳо Забон донӣ – ҷаҳон донӣ

Забон донӣ – ҷаҳон донӣ

19 – уми апрели соли 2019 дар толори конфронсҳои донишгоҳ бо саъю кӯшиши мудири кафедраи забонҳо, номзади илми филология Ҷамшед Гурезов семинари илмӣ-методӣ дар асоси “Барномаи давлатии такмили забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2020” гузаронида шуд, ки дар он мутахассиси шуъбаи идоракунии сифати таълим, дотсент Ғаниҷон Раҳмонов ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

Нахуст семинари илмиро Ғаниҷон Раҳмонов бо сухани муқаддимавӣ оғоз карда, таъкид намуданд, ки гузаронидани чунин семинару ҳамоишҳои илмӣ барои ҷоннок кардани раванди таълим ва афзудани завқу хоҳиши донишҷӯён барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

Дар идомаи семинар дотсенти кафедраи забонҳо Зебо Абдулазизова дар мавзӯи “Жизнь и научные исследования Усмона Каримова” суханронӣ намуда, зикр кард, ки доктори илми филологӣ Усмон Каримов солиёни зиёд дар ДДТТ кору фаъолият карда, дар баробари таълиму тадриси донишҷӯён дар омода кардани мутахассисони соҳаи адабиёт ва фарҳанг саҳми арзанда гузоштааст. Муаллими калони кафедраи забонҳо Мавлуда Имаева зимни ироаи мавзӯи “Иноязычные слова в русском языке” оид ба мавҷуд будани калимаҳои иқтибосии забони русӣ дар фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ ибрози андеша намуда, таззакур доданд, ки бояд донишҷӯён барои дарку фаҳмиши ин гуна вожаҳо ба бахши лексикология чун қисми муҳимми илми забоншиносии русӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунанд.

Ҳамчунин, ассистент Тӯраева Д.И. дар мавзӯи “О феномене переводимости и непереводимости безэквивалентных грамматических единиц с английского на таджикский язык” ва ассистент Баймуратова М.Э. дар мавзӯи “Дистанционные методы обучения и контроля” суханронӣ карданд.

 

Донишҷӯёни факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ А. Шарофиддинов, М. Ҳисориева ва донишҷӯи факултети молия ва фаъолияти бонкӣ Ворис Шокиров низ доир ба мавзӯъҳои ноҳияҳои иқтисодии кишвар, андоз ва андозбандӣ ва терроризму ифротгароӣ ба забонҳои русию англисӣ баромад намуданд.

Дар фарҷом Ҷамшед Гурезов ба омӯзгорону донишҷӯён, ки дар гузаронидани семинари илмӣ-амалӣ иштироки фаъолона доштанд, изҳори сипос намуд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа ва кафедраи забонҳо

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳо Забон донӣ – ҷаҳон донӣ