Семинар дар доираи лоиҳаи "Низоми идоракунии сифат"

Печать

Аз 17 – ум то 20 – уми апрели соли 2019 дар донишгоҳ семинар бо иштироки мушовирони байналмилалӣ аз Донишгоҳи Алма – менеҷменти Қазоқистон – Алмагул Канагатова ва Айимгул Тлеужанова ва аъзои гурӯҳи кории лоиҳаи “Низоми идоракунии сифат” гузаронида шуд.

Дар семинар номзади илми иқтисодӣ, дотсент Нарзулло Сангинов ва доктори илми иқтисодӣ Фарҳод Шаропов маърузаҳои худро дар мавзӯъҳои “Механизми таъмини сифати таҳсил дар донишгоҳ” ва “Такмили 4 барномаи таълимӣ дар ДДТТ” – ро муаррифӣ намуданд.

Мушовирони байналмилалӣ Алмагул Канагатова ва Айимгул Тлеужанова перомуни таҷрибаи худ дар масъалаи таҳияи низоми идоракунии сифат дар Алма – менеҷмент аз ҷумла, оид ба таҳияи ҳуҷҷатгузории низоми мазкур ва корбасти санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ суханронӣ намуда, ба аъзои гурӯҳи корӣ дар такмили 4 барномаи таълимӣ : иқтисоди ҷаҳонӣ, молия ва қарз, иқтисод ва идоракунӣ дар корхона, ҳуқуқи иқтисодӣ дар самти рисолат ва стратегияи макотиби олӣ → салоҳиятнокии хатмкунандагон → фанни таълимӣ → барномаи таълимӣ мусоидат карданд.

  

 

 

Шуъбаи робита бо ҷомеа