Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

МО НАСЛИ НАВРАС ВА ҶАВОНОНРО БОЯД ДАР РӮҲИЯИ ҲИССИ БАЛАНДИ МИЛЛӢ, ВАТАНДӮСТӢ ВА ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ ТАРБИЯ КУНЕМ. ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Асосӣ Хабарҳо Конференсияи илмию назариявӣ

Конференсияи илмию назариявӣ

2 – юми майи соли 2019 дар толори асосии донишгоҳ конференсияи илмию назариявии донишҷӯён ба муносибати “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо иштироки ректори донишгоҳ, доктори илми иқтисодӣ, профессор Фақеров Ҳ.Н., сардори Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бӯриев С., раиси Кумитаи иҷрояи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Раҳмонзода З.Ф. ва омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид, ки он то 7 – уми май идома меёбад.

Ҳамоиши илмиро профессор Ҳамидуллохон Фақеров бо сухани муқаддимавӣ оғоз намуда, таъкид кард, ки конференсияи мазкур дар доираи “Ҳафтаи илм” дар 15 бахш доир гардида, дар он магистрону донишҷӯён маърӯзаҳои илмии худро пешниҳод менамоянд.

Дар идомаи конференсия С. Бӯриев ва Зоир Раҳмонзода суханронӣ намуда, ба иштирокдорони маҳфили илмӣ барору комёбӣ хостанд. Зоир Раҳмонзода зимни суханронии худ таъкид кард, ки Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар масоили дастгирии ҷавонон, таҳкими худшиносию худогоҳӣ, баланд бардоштани эҳсоси ватанпарастӣ ва сатҳи донишу забондонии онҳо кору тадбири афзунеро амалӣ менамояд ва озмуни “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ”, ки давраи якуми он ҷамъбаст гардид, аз ин ҷумла аст. Сипас аз ҷониби Зоир Раҳмонзода ва масъулини донишгоҳ ба ғолибони давраи якуми озмун ифтихорнома ва мукофотпулии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ супорида шуд.

Ҳамчунин, ба ректори донишгоҳ Фақеров Ҳ.Н. барои саҳми арзанда дар татбиқи ғояҳои созанда ва ойиномаю барномаи ҲХДТ сипосномаи ниҳоди мазкур тақдим гардид.

Дар конференсия донишҷӯи курси 1 – уми факултети тиҷорат ва гумрук Меҳроҷиддини Ҷаббор дар мавзӯи “Нақши соҳаи сайёҳӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат”, донишҷӯи курси 1 – уми факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ Зевар Тағоймуродова дар мавзӯи “Хусусият ва заминаҳои рушди иқтисоди рақамӣ”, донишҷӯи курси 3 – юми факултети умури бонкӣ Исмоил Исматов дар мавзӯи “Саноатикунонии босуръати кишвар – ҳадафи чоруми миллӣ” ва донишҷӯи курси 2 – юми факултети иқтисодиёт ва менеҷмент Фарзона Ализода дар мавзӯи “Хусусиятҳои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ карданд.

 

 

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳо Конференсияи илмию назариявӣ