Ҷашни Зафар ва корномаи бузург

Печать

8 – уми майи соли 2019 дар толори асосии донишгоҳ ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 74 – умин солгарди Ғалабаи собиқ халқҳои Иттиҳоди Шӯрваӣ бар фашизми Олмон баргузор гардид, ки дар он дар баробари омӯзгорону донишҷӯён ва сарбозону афсарони интернатсионалисти дар донишгоҳ фаъолияткунанда, инчунин афсарони интернатсионалисти даъватшуда: Сайфулло Мӯсоев, Қурбон Усмонов ва Абдулло Мирзоев иштирок доштанд.

Ҷамъомадро муовини ректор оид ба тарбия ва корҳои ташкилӣ, дотсент Ф. Акрамов ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба Рӯзи Ғалаба табрику муборакбод гуфт ва бо камоли эҳтиром суханро ба ректори донишгоҳ, профессор Ҳамидуллохон Фақеров во гузошт.

Ректори донишгоҳ ба таври мухтасар аз хусуси аҳаммияти таърихии ғалабаи халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ бар Олмони фашистӣ ва иттифоқчиёни он, аз ҷумла, саҳми тоҷикистониён дар таъмини ғалаба, шуҷоату корнамоиҳои онҳо дар набардҳои хунину оташини ҷанг ёдовар шуда, таъкид бар он дошт, ки корнамоиҳои падарону бобоёни далеру шуҷоамон барои наслҳои имрӯзу фардо намунаи баланди ватандӯстӣ ва азизу муқаддас донистани Ватан маҳсуб меёбад.

Аз ин рӯ, – гуфт ӯ, – ҳар яки мо омӯзгоронро зарур аст, ки таълиму тарбияи ҷавононро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, ҳисси ватандустӣ, ифтихори миллӣ ва худшиносии миллии ин қишри ҷомеаро, ки аксарияти аҳолии кишварро ташкил медиҳад, боз ҳам баландтар бардорем.

Афсари интернатсионалист, собиқадори қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Сайфулло Мӯсоев, ки худ бевосита даҳшати ҷангро дар Афғонистон дидааст, аз хусуси қаҳрамониҳои сарбозону афсарони шуҷои шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аз ҷумла, корнамоиҳои тоҷикписарон ёдовар шуда, ҷавононро ба илмомӯзӣ, дӯст доштани Ватан, ҳифзи марзу бум ва саҳм гузоштан дар ободонию хуррамгардонии кишвари азизамон, бахусус, пойтахти он – Душанбешаҳр, ки ба яке аз шаҳрҳои зеботарини Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст, даъват намуд.

Собиқадори меҳнат, дотсенти кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ Зелнер Евгения Яколевна, ки худ украинзан аст, дар бораи Тоҷикистони биҳиштосо, мардуми сарбаланду меҳмоннавози он ҳарф зада, иброз дошт, ки аз тоҷикону Тоҷикистон ифтихор мекунам ва то имкон дорам барои таълиму тарбияи фарзандони ин миллат кӯшиш ба харҷ медиҳам.

Аҳли нишаст аз маърӯзаи пурмуҳтавои омӯзгор Абдуллоев Б. дар бораи корнамоиҳои бемисли фиристодагони Тоҷикистон маълумоти бештар пайдо намуданд.

Дар хотимаи қисми расмии ҷамъомад ба як гурӯҳ омӯзгорону донишҷӯён, сарбозону афсарони интернатсионалист ва иштирокчиёни бартараф намудани оқибатҳои садамаи Чернобил ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ супорида шуд.

Барномаи консертии омодакардаи донишҷӯёни факултети тиҷорат ва гумрук, ки қисми фарҳангии ҷамъомадро ташкил медод, ба чорабинӣ шукӯҳи хосса бахшид.

 

 

Шуъбаи робита бо ҷомеа