Мизи мудаввар

Печать

13 – уми майи соли 2019 дар толори конфронсҳои донишгоҳ бо саъю кӯшиши омӯзгорони кафедраи фаъолияти бонкӣ ва намояндагони Раёсати сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушди Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи “Сиёсати монетарии Бонки миллии Тоҷикистон дар шароити имрӯза” доир гардид, ки дар кори он муовини декани факултети молия ва фаъолияти бонкӣ оид ба таълим Шамс Ниёзов, сардори Раёсати сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушди Бонки миллии Тоҷикистон Нигина Қурбоналиева, мудири шуъбаи таҳлили макроиқтисодӣ Диловар Убайдуллоев ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

 

Нигина Қурбоналиева ва Диловар Убайдуллоев перомуни мавзӯи мазкур суханронӣ намуда, ба суолҳои аҳли нишаст посух гуфтанд.

Ин ҳамоиш дар асоси нақшаи тавсиаи ҳамкории масъулини макотиби олӣ бо намояндагони ниҳодҳои молиявию иқтисодӣ ва саноатии кишвар амалӣ гардида, ба такмилу таъмиқи донишу коромӯзии донишҷӯён мусоидат мекунад.

Шуъбаи робита бо ҷомеа