Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

МО НАСЛИ НАВРАС ВА ҶАВОНОНРО БОЯД ДАР РӮҲИЯИ ҲИССИ БАЛАНДИ МИЛЛӢ, ВАТАНДӮСТӢ ВА ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ ТАРБИЯ КУНЕМ. ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Асосӣ Хабарҳо Рӯзи ҷавонон

Рӯзи ҷавонон

22 – юми майи соли равон дар толори асосии донишгоҳ бахшида ба Рӯзи ҷавонони кишвар ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки он аз ду қисм: расмӣ ва фарҳангӣ иборат буд. Баъди сухани ифтитоҳии муовини ректор оид ба тарбия ва корҳои методӣ, дотсент Файзалӣ Акрамов ва маърӯзаи пурмазмуни магистранти курси якум Н. Мирзоев донишҷӯёни аълохон, иштирокчиёни озмунҳо  бо ифтихорнома ва сипосномаи донишгоҳ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуда, ба чанде аз омӯзгорони ҷавон мукофоти пулӣ тақдим карда шуд. Инчунин, аз тарафи Раёсати донишгоҳ ба донишҷӯёни ятими кулл ба ҳар кадом  ба миқдори 300-сомонӣ кумакпулӣ тақдим гардид.

 

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳо Рӯзи ҷавонон