Семинари илмӣ ва назариявӣ

Печать

23 – юми майи соли 2019 дар толори конфронсҳои донишгоҳ бо саъю кӯшиши садорати факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ семинари илмӣ ва назариявӣ таҳти унвони “Рушди қонунгузории тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, доктори илми иқтисодӣ, профессор Раҷаб Раҷабов, сардори шуъбаи қонунгузории кишоварзӣ, истифодаи сарвати табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Пулатов, сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба сохтори давлатӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ниҳоди мазкур Н. Табаров ва омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид.

Нахуст семинарро бо сухани муқаддимавӣ профессор Раҷаб Раҷабов оғоз намуда, гузаронидани ҳамоиши илмиро, ки ба Рӯзи ҷавонони кишвар рост омад, бо ҳузури олимони соҳаи ҳуқуқ аз Маркази миллии қонунгузарии кишвар нек арзёбӣ кард.

 

Дар идомаи семинар дотсенти кафедраи ҳуқуқи донишгоҳ У. Меликов дар мавзӯи “Ташаккули танзими ҳуқуқии тиҷорати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, А. Пулатов дар мавзӯи “Масоили танзими ҳуқуқии аҳдҳои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Н. Табаров дар мавзӯи “Ҳолати ҳуқуқии ҳуҷҷатгузории тиҷорати электронӣ” суханронӣ намуданд.

Дар фарҷом профессор Раҷаб Раҷабов ба садорати факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ, аъзои кафедраи ҳуқуқи тиҷорат ва меҳмонони гиромӣ, ки дар ташкил кардан ва гузаронидани семинар саҳм гузоштанд, изҳори сипос намуд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа ва кафедраи ҳуқуқи тиҷорат