Конференсияи илмӣ ва амалӣ

Печать

29 – уми майи соли 2019 дар толори диссертатсионии донишгоҳ конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони “Тоҷикистон дар манзари ҷаҳонишавӣ” бо иштироки муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методӣ, номзади илми иқтисодӣ, дотсент Толибов Қ.Қ., муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, доктори илми иқтисодӣ, профессор Раҷабов Р.К. ва ҳайати илмию омӯзгорӣ доир гардид.

Ҷаласаи пленариро профессор Раҷаб Раҷабов бо сухани муқаддимавӣ оғоз намуда, муҳимму мубрам будани мавзӯи мазкурро дар замони босуъати ҷаҳонишавӣ таъкид кард ва дар мавзӯи “Иқтисоди рақамӣ: вазъи ҳозира ва рушди он” суханронӣ намуд.

 

Дар идомаи ҳамоиш номзади илми иқтисодӣ, дотсент Умар Абдураҳмонов дар мавзӯи “Рушди деҳот ва аҳаммияти иҷтимоӣ – иқтисодии он дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ” суханронии пурмуҳтаво кард.

 

Пас аз суханронӣ Раҷаб Раҷабов ва Умар Абдураҳмонов ба пурсиши аҳли нишаст посух гуфтанд.

Бо ҳамин қисми пленарии конференсия ҳусни анҷом пазируфт ва қисми дуюми он 29 – уми май пас аз нисфирӯзӣ ва рӯзҳои 30 – юм ва 31 – уми май дар бахшҳои муайян идома меёбад.

Шуъбаи робита бо ҷомеа