Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

МО НАСЛИ НАВРАС ВА ҶАВОНОНРО БОЯД ДАР РӮҲИЯИ ҲИССИ БАЛАНДИ МИЛЛӢ, ВАТАНДӮСТӢ ВА ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ ТАРБИЯ КУНЕМ. ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Асосӣ Хабарҳо Сабқати зеҳнӣ ва варзишӣ

Сабқати зеҳнӣ ва варзишӣ

8 – уми июни соли 2019 дар донишгоҳ бо саъю кӯшиши аъзои кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ марҳалаи якуми сабқати ҷумҳуриявии варзишӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки бештар аз 30 нафар омӯзгору корманд ва донишҷӯ баргузор гардид.

 

Дар ҳамоиш муовини ректор оид ба тарбия ва корҳои ташкилӣ, дотсент Файзалӣ Акрамов суханронӣ намуда, ба иштирокдорони сабқати варзишӣ оид ба шоҳмот муваффақияту пирӯзӣ орзу кард.

Марҳалаи якуми сабқати ҷумҳуриявии варзишӣ оид ба шоҳмот дар донишгоҳ якчанд рӯз идома ёфта, пирӯзмандони он ба марҳалаи дуюм -  сабқати ноҳиявӣ роҳхат мегиранд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳо Сабқати зеҳнӣ ва варзишӣ