Шердил Алмосов – чемпиони Осиё

Печать

Аз 13 – ум то 15 – уми сентябри соли 2019 дар шаҳри Деҳлии Ҷумҳурии Ҳиндустон Чемпионати Осиё доир ба гӯштини самбо дар байни наврасон, ҷавонон, калонсолон ва самбои размӣ дар миёни мардон доир гардид, ки дар он дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати 12 варзишкор ширкат варзид.

Дар ин сабқати муҳимми варзишӣ намояндагони кишвари мо сазовори 11 медал – 3 тилло, 1 нуқра ва 7 медали биринҷӣ гардиданд.

Донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 250110 – тиҷорат дар бозори берунии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Шердил Алмосов дар ин сабқати варзишӣ дар вазни 73 кг сазовори ҷойи 1-ум ва медали тилло гардид ва унвони чемпиони Осиёро дар байни ҷавонон ба даст овард.

Раёсати донишгоҳ, омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён Шердил Алмосовро барои чунин комёбии арзандаи варзишӣ табрику таҳният мегӯянд ва боварӣ доранд, ки мавсуф дар оянда ба дастовардҳои муҳимми варзишӣ дар сатҳи байналмилалӣ ноил мегардад.

Шуъбаи робита бо ҷомеа ва шуъбаи кор бо ҷавонон