Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Роғун манбаи адонашавандаи нур аст, ки Тоҷикистонро дар оғӯши Шарқи куҳан ба ахтари ҳамеша тобон табдил хоҳад дод. Эмомалӣ Раҳмон.

Асосӣ Хабарҳо Ҳамкориҳои судманд

Ҳамкориҳои судманд

Яке аз самтҳои муҳими ҳамкориҳо дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ дар ҷумҳурӣ густариши робитаҳои байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо донишгоҳу муассисаҳои илмию таълимии кишварҳои хориҷӣ ба ҳисоб меравад.

Дар робита ба ин, рӯзҳои 25 - ум - 28 - уми сентябри соли 2019 дар Донишгоҳи савдо ва иқтисоди Ҷумҳурии Белорус конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Ҳамкориҳои кооператсияи матлуботи кишварҳои пасошӯравӣ: вазъ, мушкилот, дурнамои рушд” ва “Самаранокии соҳаи муомилоти молӣ ва меҳнатӣ бахшида ба таҷлили 55-солагии таъсисёбии ин муассисаи бонуфуз доир гардид, ки дар кори он мудири шуъбаи кор бо чавонони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Абдуалим Ҳомидов иштирок ва маърӯза намуд.

Мақсади сафар шиносоӣ бо низоми менеҷменти сифати таҳсилот, омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва санадҳои меъёрии Донишгоҳи савдо ва иқтисоди Ҷумҳурии Беларус маҳсуб меёфт.

Дар доираи сафари корӣ, инчунин, суҳбату вохӯрҳо бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар асоси шартномаи тарафайн дар донишгоҳи мазкур таҳсил карда истодаанд, баргузор гардид. Намояндаи ДДТТ бо шарту шароити таҳсил, зисту зиндагонии донишҷӯён шинос гардида, онҳоро ба илмомӯзӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ даъват намуд.

Инчунин, дар ҳошияи сафар суҳбати дуҷониба доир гардид, ки дар он ректори Донишгоҳи савдо ва иқтисоди Ҷумҳурии Беларус, доктори илми иқтисодӣ, профессор Лебедева Светлана Николаевна ба ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон профессор Ҳамидуллохон Фақеров барои ташаббус, дастгирӣ ва ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маориф арзи сипос намуда, зикр кард, ки муносибатҳои дуҷонибаи муассисаҳои мо маҳз ба тавассути кӯшишу заҳматҳои Фақеров Ҳ.Н. ҳанӯз дар соли 2004 оѓоз ёфта буд ва он то ба имрӯз идомаи пурсамар дорад.

  

 

Шуъбаи кор бо ҷавонон

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳо Ҳамкориҳои судманд