Забони миллат – ҳастии миллат

Печать

Забони миллӣ симо ва пайкараи миллати мо мебошад. Аз ин рӯ, ин симо бояд зебо ва ин пайкара тавоно бошад. Гузашта аз ин, умри миллат ба умри забон вобаста аст, яъне бақои забон бақои миллат аст. Забон нишонаи муҳимтарини миллат ва пайвандгари наслҳост.                                                                                                        Эмомалӣ Раҳмон 

Дар ҳақиқат забони миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, дар пойдорӣ ва таҳкими давлати миллӣ мақом ва нақши муҳим дорад.

Тавре ки Президенти маҳбуби кишвар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китобашон “Забони миллат – ҳастии миллат” таъкид кардаанд: “Арҷ гузоштан ба забони модарӣ омилест, ки сарчашмаи бақои ваҳдати миллӣ ва яке аз рукнҳои устувори давлатдорӣ ба шумор меравад. Зеро забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ дар масири таърих бақои миллати тоҷикро таъмин кардааст.”

Ҷамъомади тантанавие, ки 3 – юми октябри соли равон дар толори асосии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо иштироки Қурбонгул Қурбонмамадова, мудири шуъбаи таблиғоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар шаҳри Душанбе, Убайдулло Қурбонов, муовини раиси ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, Маҳмурод Усмонов, мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ва омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид, ба Рӯзи забони давлатӣ ва Иди касбии омӯзгор бахшида шуд.

Ректори донишгоҳ, профессор Ҳамидуллохон Фақеров аҳли толорро ба ин санаҳои муборак табрику таҳният гуфта, дар бораи нақши забони давлатӣ дар пешрафти ҷомеа, давраҳои ташаккули он, саҳми беназири Пешвои муаззами миллат дар рушду таҳкими забон ва ба минбари баланди дунё баровардани ин забони ноб ба таври муфассал ҳарф заданд.

 

Сарвари донишгоҳ саҳми олимону омӯзгорони донишгоҳро дар ҳифзу пойдорӣ ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” назаррас арзёбӣ намуда, бо боварӣ изҳори умед кард, ки омӯзгорони донишгоҳ тамоми донишу малака ва маҳорати касбиашонро бо мақсади таълиму тарбияи дурусти донишҷӯён, забономӯзӣ, аз бар намудани илмҳои муосир ва ҳамчун мутахассисони рақобатпазир ба камол расонидани онҳо равона хоҳанд кард.

 

Дар анҷоми қисми расмии ҷамъомад як гурӯҳ омӯзгорон барои фаъолияти пурсамар дар кори таълиму тарбия ва рушди забони давлатӣ бо мукофоти пулӣ ва ифтихорномаю сипосномаҳои донишгоҳ ва ҳукумати ноҳияи Фирдавсӣ сарфароз гардонида шуданд.

 

Барномаи фарҳангии дар сатҳи баланд омоданамудаи донишҷӯёни донишгоҳ, ки қисми дуюми чорабиниро ташкил медод, аз ҷониби аҳли толор хуш пазируфта шуд.

 

Шубаи робита бо ҷомеа