Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Роғун манбаи адонашавандаи нур аст, ки Тоҷикистонро дар оғӯши Шарқи куҳан ба ахтари ҳамеша тобон табдил хоҳад дод. Эмомалӣ Раҳмон.

Асосӣ Хабарҳо Ҷашни забони давлатӣ

Ҷашни забони давлатӣ

2 – юми октябри соли 2019 дар толори диссертатсионии донишгоҳ бо саъю кӯшиши омӯзгорони кафедраи забонҳо ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” семинари илмӣ – амалӣ бо иштироки муовини ректор оид ба тарбия ва корҳои ташкилӣ, дотсент Файз Акрамов ва омӯзгорону донишҷӯён доир гардид.

Маҳфили илмиро бо сухани муқаддимавӣ Файз Акрамов оғоз намуда, перомуни рушди забони давлатӣ дар замони муосир ибрози андеша кард ва суханро ба дотсенти кафедраи забонҳо Бобишоҳи Насриддиниён вогузор кард. Мавсуф дар мавзӯи “Фикри равшанбин амалро раҳбар аст” перомуни иртиботи забон бо тафаккур ибрози ақида намуд. Пас аз он, номзади илми филологӣ Ҷамшед Гурезов дар мавзӯи “Забони тоҷикӣ дар аҳди Сомониён” ва дотсенти кафедраи мазкур Зебо Абдулазизова дар мавзӯи “Бархе масоили мубрами забон дар шинохти Усмон Карим” суханронӣ карданд.

  

Ҳамчунин, донишҷӯёни курси якуми факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ Асоева З, Набиева М, Сафарзода Ҷ, Элмуродов М ва дигарон дар ситоиши забони шеваю шоиронаи модарӣ, модар ва меҳан порчаҳои шеърӣ қироат намуда, табъу хотири аҳли нишастро болида гардониданд.

Дар фарҷом Файз Акрамов ба омӯзгорон ва донишҷӯёне, ки дар гузаронидани ин ҳамоиш хидмати арзанда карданд, изҳори сипос намуд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа ва кафедраи забонҳо

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳо Ҷашни забони давлатӣ