Маҳфили илмӣ

Печать

30-юми сентябри соли 2019 дар кафедраи “Иқтисоди ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ” маҳфили илмии донишҷӯён дар мавзӯи “Масоили мубрами иқтисоди ҷаҳонӣ” бо иштироки мудири кафедра, дотсент Зулфия Қурбонова, омӯзгорон ва донишҷӯёни курсҳои 4-ум ва 5-уми таҳсили рӯзона ва ғоибона доир гардид.

 

Дар маҳфил доир ба масоили мубрами иқтисодии ҷаҳони имрӯза донишҷӯёни курси 4-уми ихтисоси рӯзона аз гурӯҳҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ – М. Аббосов, Х. Бобоазамов, М. Сафарова, Б. Назаров, Х. Дӯстов ва Г. Назарова дар мавзӯъҳои “Тоҷикистон ва Созмони Умумиҷаҳонии Савдо”, “Протексионизм ва савдои озод”, “Моҳият ва мафҳуми иқтисоди сабз” ва мисли ин суханронӣ намуданд ва ба суолҳои аҳли нишаст перомуни мавзӯи пешниҳодшуда посух гуфтанд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа ва кафедраи Иқтисоди ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ