Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Роғун манбаи адонашавандаи нур аст, ки Тоҷикистонро дар оғӯши Шарқи куҳан ба ахтари ҳамеша тобон табдил хоҳад дод. Эмомалӣ Раҳмон.

Асосӣ Хабарҳо Вохӯрии муфид

Вохӯрии муфид

2-юми сентябри соли 2019 дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ вохӯрии ректори донишгоҳ, доктори илми иқтисодӣ, профессор Фақеров Ҳ. Н., декани факултет, дотсент Салимов Н. С. бо донишҷӯёни курси 5-уми шуъбаи ғоибона бо мақсади шинос шудан бо вазъи кунунии раванди таълим, масоили мавриди назари донишҷӯёни ғоибхон ва ҳаллу фасли проблемаҳои мавҷуда доир гардид.
Дар вақти вохӯрӣ бо донишҷӯён Ҳамидуллохон Фақеров таъкид намуданд, ки шумо барои дар оянда мутахассиси хуб шудан ва дар ҷомеа мавқеъ пайдо кардан, бояд илм биомӯзед, дониши афзун, ҷаҳонбинии васеъ ва интизоми намунавӣ дошта бошед.
Дар идомаи ҳамоиш муовини декан оид ба таълим – эдвайзери шуъбаи ғоибона Ҷовидон Сафаров зикр намуд, ки мо ҳар як супориши аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ ва садорати факултет ироашударо дар сари вақт ва бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ иҷро менамоем.
Дар фарҷом сарвари донишгоҳ ба донишҷӯёни курси 5-ум барои сарбаландона хатм намудани донишгоҳ муваффақият орзу намуд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳо Вохӯрии муфид