Дарси бинарӣ ва коромӯзӣ

Печать

12-уми ноябри соли 2019 дар толори диссертатсионии донишгоҳ дарси бинарии мутахассиси кафедраи молшиносии Донишгоҳи савдо ва иқтисоди кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Беларус Елена Рошина доир гардид, ки дар он ректори донишгоҳ, доктори илми иқтисодӣ, профессор Фақеров Ҳ.Н. ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

Дар ин анҷуман Елена Рошина дар мавзӯи “Хӯрокҳои миллии беларусӣ” ва муаллими калони кафедраи маркетинг ва тиҷорат, номзади илми иқтисодӣ Сарвиноз Урунова дар мавзӯи “Хӯрокҳои миллии тоҷикӣ” суханронӣ намуда, ба суолҳои аҳли нишаст посух гуфтанд.

 

Ҳамчунин, дар ин рӯз дар ошхонаи донишгоҳ мутахассиси бомаҳорат доир ба омодагардонии хӯрок ва ороиши тарабхонагӣ Татяна Митселкина барои омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ дар мавзӯи “Омодагардонии таомҳои беларусӣ” машғулияти амалӣ баргузор намуда, навъҳои гуногуни таоми миллии беларусиро чун холодник, калгуни, драники ва бабка бо шавқу завқи афзун омода намуд.

Ҳозирин аз ин таомҳои миллии беларусӣ ком ширин намуданд ва ба ин бонуи боҳунар – Татяна Митселкина офарин хонданд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа