Садоқат ба Президент - садоқат ба Ватан

Печать

Манам доротарин одам, ватан дорам, ватан дорам,
Ками худро нагӯям кам, ватан дорам, ватан дорам.
Агарчи кулбаам одист, вале дил маскани шодист,
Фараҳ хезад маро аз ғам, ватан дорам, ватан дорам.

15-уми ноябри соли 2019 дар толори конфронсҳои донишгоҳ бо саъю кӯшиши садорати факултети иқтисодиёт ва менеҷмент ва кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит семинари илмӣ – назариявӣ таҳти унвони “Президент ва Пешвои мо” тадвир ёфт.

Доир ба мавзӯи мазкур ассистенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит Саъдӣ Додарбеков суханронӣ намуда, перомуни саҳми бузурги Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи сулҳу ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва садоқат ба президент – садоқат ба Ватан ибрози андеша намуд.

Дар идомаи семинар донишҷӯёни курси 3-юми факултет Шодон Шарифов дар мавзӯи “Президенти мо Пешвои мо”, Мирзоалиев дар мавзӯи “Пешвои миллат ифтихори мост” ва Асҳобиддин Ҳомидзода доир ба мавзӯи “Самараи истиқлолият – меваи сулҳу дастовардҳои Ватан” суханронӣ карданд.

Мавриди зикр аст, ки семинар дар сатҳи баланд доир гардида, ба боло рафтани ҳисси худшиносию ватандӯстии ҷавонони тоҷик мусоидат менамояд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа ва кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит