Шеваи дуруст ва босамари коргузорӣ

Печать

15-уми ноябри соли 2019 дар шуъбаи умумии донишгоҳ семинари илмӣ – назариявӣ дар мавзӯи “Ташкил намудани шеваи дуруст ва босамари коргузорӣ –асоси пешрафт дар фаъолияти корӣ” бо иштироки мутахассисони шуъбаи умумӣ, операторони кафедраю факултетҳо ва дигар намояндагони сохторҳо баргузор гардид.

Нахуст мудири шуъбаи умумӣ Райҳона Исмоилова доир ба мавзӯи мазкур суханронӣ намуда, таъкид кард, ки тартибу шеваи дурусту босамари коргузорӣ дар шуъбаи умумӣ ва дар сари вақт ҳаллу фасл намудани масоили муҳимму зарурии шахсони воқеию ҳуқуқӣ дар соли таҳсили 2019-2020 асоси рушду муваффақияти мутахассисони шуъбаи мо дар фаъолияти корӣ ба шумор меравад.

 

Мавсуф афзуд, ки пешбурди фаъолияти босамару муассири масъулини муассисаҳои гуногуни таълимӣ аз тартибу шеваи дурусти коргузории онҳо вобаста аст.

Дар идомаи семинар муаллими калони кафедраи ҳуқуқии иқтисодӣ Табаров Н.А. дар мавзӯи “Асосҳои ҳуқуқии ҳуҷҷатгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ кард ва ба суолҳои аҳли нишаст посух гуфт.

Шуъбаи робита бо ҷомеа