Парчами давлатӣ намоди истиқлол ва озодӣ

Печать

22-юми ноябри соли 2019 дар донишгоҳ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷумани бошукӯҳ таҳти унвони «Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азиз!» бо иштироки ректори донишгоҳ доктори илми иқтисодӣ, профессор Фақеров Ҳ.Н., мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Заррина Зуҳурова, мудири шуъбаи таблиғотӣ ва иттилоотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Зуҳро Сафарзода ва омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид.

Дар оғози анҷуман Ҳамидуллохон Фақеров ҳозирини арҷмандро ба муносибати таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, зикр намуд, ки парчами миллӣ дар замони истиқлолияти комили кишвари азизи мо моҳияти бузурги таърихию сиёсӣ дорад ва ба ин рукни муҳимми давлатдории миллии мо арҷу эҳтироми хосса бояд гузошт.

Мавсуф афзуд, ки дар иҷлосияи тақдирсози 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби намояндагони мардумӣ пазируфтан ва тасдиқ кардани Парчами давлатии кишвар, ки 24-уми ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд сурат гирифт, барои давлату миллати тоҷик рӯйдоди бузурги таърихӣ буд. Дар иҷлосия раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо камоли меҳру садоқат ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиром гузошт. Дар идомаи сухани худ роҳбари донишгоҳ перомуни давлати миллӣ, рукнҳои муҳимми он, эътимоду эътиқод ва самимият нисбат ба парчами миллӣ, хираду далерӣ ва заковату ҷавонмардии сарвари кишвари тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давлатсозӣ, ҳадаф ва афзалиятҳои миллӣ, мубориза ба муқобили терроризму ифротгароӣ ва тундравӣ дар замони муосир ва дигар масоили мубрами имрӯза ибрози андеша кард.

Сарвари донишгоҳ дар фароварди суханронии худ дар бораи ташкил ва гузаронидани озмуни зеҳнӣ - маърифатии “Донишҷӯи соли ДДТТ” баёни афкор намуда, таъкид намуд, ки ба се пирӯзманди ин озмун, ки ҷойҳои ифтихориро касб менамоянд, унвони “Доншҷӯи соли ДДТТ” ва мукофоти пулӣ: ҷойи 1-ум – панҷ ҳазор, ҷойи дуюм – се ҳазор, ҷойи сеюм ду ҳазор сомонӣ тақдим мегардад.

Озмуни мазкур 24-уми ноябри соли 2020 дар ҷашни Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст мешавад.

Дар идомаи анҷуман муаллимаи калони кафедраи андоз ва суғурта Нигина Махсумова дар мавзӯи “Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азиз!” ва донишҷӯёни факултет Абдураҳмон Баротов ва Сабрина Ёфтакова дар мавзӯи “Парчамат бодо гулафшон, кишварам” суханронии пурмуҳтаво ва бомазмун намуданд.

Ҳамчунин, аз ҷониби Раёсати донишгоҳ ба дастаҳои ғолиби курси якуми факултети молия ва фаъолияти бонкӣ, ки дар мусобиқаи волейбол ҷойҳои ифтихориро касб кардаанд, ифтихорнома супорида шуд.

Аз ҷониби раиси ноҳияи Фирдавсӣ М.Юсуфӣ ба муовини декан оид ба тарбияи факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ Фитрат Рустамов сипоснома тақдим гардид.

Дар қисми фарҳангии анҷуман донишҷӯёни факултети молия ва фаъолияти бонкӣ бо суруду рақси дилнишини хотири аҳли нишастро болида гардониданд.

Бо саъю кӯшиши мутахассиси шуъбаи тарбия ва корҳои ташкилӣ оид ба бонувон Ҷамила Ғафурова низ дар мавзӯи “Парчами давлатии кишвар-ифтихори мо” ҳамоиш доир гардид, ки дар он Сарвиноз Урунова, номзади илми иқтисодӣ, муаллими калони кафедраи маретинг ва тиҷорат, Гулҷаҳон Бобохоҷаева, муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятшиносӣ, Зебо Шарифзода, донишҷӯи факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ ва меҳмонон - Заррина Зуҳурова ва Зуҳро Сафарзода доир ба мавзӯи маврид назар ибрози андеша карданд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа