Озмуни зеҳнӣ

Печать

22 - юми ноябри соли 2019 дар факултети тиҷорат ва гумрук бо саъю кӯшиши садорати факултети тиҷорат ва гумрук ва аъзои кафедраи фанҳои ҷамъиятшиносӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни зеҳнӣ аз фанни таърих бо иштироки донишҷӯёни факултетҳои тиҷорат ва гумрук, муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ ва иқтисодиёт ва менеҷмент доир гардид.

 

Дар озмун донишҷӯёни факултети тиҷорат ва гумрук нисбат ба муҳассилини дигар факултетҳо саъю кӯшиши афзун ва фаъолияти бештар нишон доданд.

Донишҷӯёни зерин дар озмуни зеҳнӣ ҷойҳои ифтихориро касб намуданд:

Камолов Мустафо-донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 260203 А – маркетинг, ҷойи 1-ум;
Улҷазода Довуд- донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 240101 – ҳуқуқи иқтисодӣ, ҷойи 2-юм;
Ғаффорзода Саидҷон - донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 250107 – иқтисодиёт ва идоракунӣ, ҷойи 3-юм.