Олимпиада аз фанҳои таълимӣ

Печать

Аз 26 - ум то 28 - уми ноябри соли 2019  дар кафедраи забонҳои факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ дар асоси "Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020" даври 1-уми олимпиада аз фанҳои таълимии  забонҳои русӣ, англисӣ ва тоҷикӣ гузаронида шуд.

Ҳадафи баргузории  олимпиада  дарёфти донишҷӯёни лаёқатманд, боистеъдод ва боло бурдани сатҳи забондонии онҳо мебошад.

26 - уми ноябри соли равон масъулин дар олимпиада аз донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ аз фанни забони русӣ имлои санҷишӣ гирифта, ғолибонро муайян карданд.   

27 - ум -28-уми  ноябри ҳамин сол ғолибон аз фанҳои забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ аз рӯи навиштани эссе (иншои хурд) маълум гардиданд.

Пирӯзмандони олимпиадаи донишгоҳӣ ба даври дуюми олимпиадаи ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифта, донишгоҳи маҳбуби худро дар сатҳи боз ҳам баландтар муаррифӣ мекунанд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа