Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Аз 10 то 12 декабри соли 2019 Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг барномаҳои таълимии донишгоҳро аз аккредитатсияи байналмилалӣ мегузаронад.

Асосӣ Хабарҳо Тадбирандешӣ дар таълим ва тарбия

Тадбирандешӣ дар таълим ва тарбия

Чунин буд мазмуну муҳтавои ҷамъомади ҳайати омӯзгорону профессорон ва донишҷӯёни фаъоли Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ректори донишгоҳ, профессор Фақеров Ҳ.Н., ки санаи 27 – уми ноябри соли 2019 дар толори асосии донишгоҳ баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ зимни суханронӣ қайд намуд, ки барои ноил гардидан ба муваффақият пеш аз ҳама интизоми қатъии меҳнатро дар сатҳи баланд ба роҳ мондан зарур аст. Интизоми меҳнат аз сари вақт ба донишгоҳ ворид гардидани омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён оғоз меёбад. Аз ин рӯ, риояи реҷаи корӣ ҳатмӣ буда, ҳозиршавӣ ба кор ва аз кор рафтан бояд тибқи реҷаи кории муқарраргардида сурат гирад. Ҳарчанд, - гуфт ӯ, - иштироки донишҷӯён ба дарсҳо беҳтар гардида, ҳоло 90 фоизро ташкил диҳад ҳам, вале ин рақам моро қонеъ кунонда наметавонад. Бино бар ин, моро зарур аст, ки бо дарки масъулиятшиносӣ дар давоми 10 – 15 рӯз иштироки донишҷӯёнро ба дарс ба 96 – 97 фоиз расонем.

  

 

Ҳамидуллохон Фақеров бо вуҷуди аз ташкили раванди таълим изҳори қаноатмандӣ кардан, иброз дошт, ки масъулин дар баъзе ҳолатҳо нисбат ба донишҷӯёне, ки дарсшиканӣ мекунанд, тадбирҳои зарурӣ намеандешанд.

Сарвари донишгоҳ, инчунин, дар бораи истифодаи дурусти интернет аз ҷониби донишҷӯён, тахтаи электронӣ, баҳодиҳии объективона ба фаъолияти донишҷӯён, вазъи сабақгардонӣ ва роҳҳои беҳтар намудани онҳо, риояи сару либоси тавсиявӣ аз ҷониби донишҷӯёну омӯзгорон, ҳуҷҷатнигории сарпарастони гурӯҳҳои академӣ, ҳолати кунунии журналҳои гурӯҳҳои академӣ, навиштани реферат ва рисолаҳои хатм, зиёд намудани сафи омӯзгорони дараҷаи илмидошта ва як қатор масоили марбут ба соҳаҳои таълиму тарбия ҳарф зада, баҳри боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани сатҳу сифати таълим дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Ректори донишгоҳ дар хотимаи ҷамъомад иброз дошт, ки ҳоло ҳайати илмӣ – омӯзгории донишгоҳ дар арафаи аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштани чор барномаи таълимӣ ва ду барномаи магистрӣ қарор дорад ва боварӣ дорам, ки саъю кӯшиши зиёди гурӯҳи кории омодасозӣ ба аккредитатсия, ки аз ҳисоби олимону мутахассисони варзида мураттаб гардидааст, натиҷаи хуб ба бор хоҳад овард.

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳо Тадбирандешӣ дар таълим ва тарбия