Ҳамоиши тарбиявӣ – маърифатӣ

Печать

28 – уми ноябри соли 2019 дар толори асосии донишгоҳ ҳамоиши тарбиявӣ – маърифатӣ бо иштироки ректор, профессор Фақеров Ҳ.Н., муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, сардори Раёсати тандурустии ш. Душанбе Хушбахт Шарифзода, мудири кафедраи фанҳои гуманитарии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Расулов, шоир Ворис Назарзода, мудири шуъбаи танзими анъана ва ҷашну маросим дар шаҳри Душанбе Норасов ва омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид.

Нахуст Мавсума Муинӣ ба роҳбарияти донишгоҳ барои ташкил ва гузаронидани ҳамоиш изҳори сипос намуда, доир ба рушди кишвар, дастгирии ҷавонон аз ҷониби сарвари давлат ибрози андеша кард.

 

 

Сипас Хушбахт Шарифзода дар бораи тарзи ҳаёти солим, аҳаммияти варзиш барои ҷавонон, бунёди майдончаҳои варзишӣ ва омилҳои дигари солимгардонии ҷомеа баёни афкор намуд.

 

Дар идомаи ҳамоиш Сайфиддин Расулов перомуни хештаншиносӣ, шахсиятсозӣ, омодагии ҷавонон ба ҳаёти мустақилона ва дарку маъсулияти оиладорӣ андешаронӣ кард.

Шоири ширинсухан Ворис Назарзода дар бораи худшиносию худогоҳӣ ва меҳанпарастии ҷавонон суханронӣ карда, шеъри нави худ “Шаҳпари симурғ” – ро қироат намуд.

Мудири шуъбаи танзими анъана ва ҷашну маросим дар шаҳри Душанбе Норасов дар бораи пешгирии исрофкорӣ ва боло рафтани сатҳи зиндагии мардуми кишвар ибрози андеша кард.

Дар фарҷом сарвари донишгоҳ Фақеров Ҳ.Н. аз меҳмонон барои суханронии пурмуҳтаво изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки ҳайати илмӣ – омӯзгории донишгоҳ барои иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми саъю кӯшиши худро ба харҷ медиҳад.

Шуъбаи робита бо ҷомеа