Коромӯзии донишҷӯён

Печать

2 – уми декабри соли 2019 донишҷӯёни курси 3-юми ихтисоси -960101 хадамоти гумрук бо роҳбарии номзади илми иқтисодӣ, муаллими калони кафедраи экспертизаи молҳо ва фаъолияти гумрукӣ Алиев Муҳаммадҷон дар саристгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе ба таҷрибаомӯзии якрӯза фаро гирифта шуданд.

Донишҷӯён зимни гузаронидани дарсҳои амалӣ аз фанни кодекси одоби касбии кормандони мақомоти гумрук дар раванди назорати гумрукии мусофирони қатораи Душанбе -Москва, ки аз ҷониби гумрукчиёни саристгоҳи роҳи оҳани пайтахт гузаронида шуд, иштирок намуданд.

Дар поёни дарси амалӣ мутасаддиёни мақомоти гумрук ба суолҳои донишҷӯён посух гуфтанд.

 

 

 

Шуъбаи робита бо ҷомеа