Шуъбаи табъу нашр

Шуъба моҳи январи соли 2021 дар заминаи шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа таъсис ёфта, сомона ва рӯзномаи “Тоҷир”-и донишгоҳ ҷузъи таркибии он ба шумор мераванд.

Шуъба фаъолияти худро дар асоси сиёсати оқилонаю хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуот”, қонунгузории соҳаи маориф, фармоишҳои ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, низомномаи шуъба ва дастурамалҳои вазифавӣ амалӣ менамояд.

Вазифаи мудирии шуъбаро аз моҳи январи соли 2021 аъзои иттифоқи журналистони Тоҷикистон Раҷабалӣ Шарифов ба уҳда дорад.

Фаъолияти шуъбаро мутахассисони зерин пеш мебаранд:

-Яҳёи Абдураҳмон, сармуҳаррири рӯзномаи “Тоҷир”;

-Абдулмакин Мирзоев, муҳаррири сомонаи донишгоҳ;

-Дилшод Қувватов, сармутахассис оид ба сомонаи донишгоҳ;

-Саидхуҷаи Абдулқосим, суратгири донишгоҳ.

Мутахассисони шуъба дар ҳамкорӣ бо воҳидҳои сохтории донишгоҳ дар ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла ҳамоишҳо, конференсияҳо, семинарҳои илмӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, ки ба баланд гардидани донишу маърифат, худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори ватандории донишҷӯён мусоидат менамоянд, саҳми арзанда мегузоранд.  

Мақсад ва вазифаҳои  шуъбаи табъу нашр:

-ташаккул додан ва амалӣ гардонидани сиёсати ягонаи иттилоотӣ бо мақсади баланд бардоштани обрӯю нуфуз ва имиҷи донишгоҳ;

-ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи воҳидҳои сохтории донишгоҳ оид ба масъалаҳои сиёсати ягонаи иттилоотӣ ва фарҳанги корпоративӣ (корҳои имиҷӣ, фаъолияти тарғиботӣ, интернет, тадбирҳои гуногуни намоишгоҳӣ, нашриётӣ ва фарҳангию оммавӣ);

- ташкил ва таъмини фаъолияти низоми ягонаи ахбори корпоративии донишгоҳ: вебсомонаи донишгоҳ ва рӯзномаи “Тоҷир”;

-таҳия ва паҳн намудани маводи иттилоотӣ – тарғиботӣ доир ба фаъолияти донишгоҳ ва воҳидҳои сохтории  он;

-инъикоси фаъолият ва робитаи босамари роҳбарияти донишгоҳ бо қишрҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ, ниҳодҳои давлатӣ, васоити ахбори омма, ташкилот ва муассисаҳо;

-таҳияи стратегия, банақшагирӣ ва амалигардонии фаъолияти корпоративии васоити ахбори оммаи донишгоҳ: вебсомонаи донишгоҳ ва рӯзномаи “Тоҷир”;

-таъминоти дастгирии иттилоотӣ – тарғиботии консепсияи пешбурди донишгоҳ дар бозори хадамоти таҳсилотӣ ва дастовардҳои илмӣ;

-таҳия ва банақшагирии стратегияи тарғиботии донишгоҳ ва татбиқи он;

-ба вуҷуд овардани робитаи иттилоотии муносиб байни воҳидҳои сохтории донишгоҳ ва ташаккули фазои мусоиди иҷтимоӣ – равонӣ дар дохили он.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top