Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

ДОНИШГОҲИ МО-ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ШУМО!

Фаъолияти илмӣ-пажуҳишӣ

Дар донишгоҳ тавассути олимони намоёни дар ҷумҳурӣ ва берун аз қаламрави он маъруф 16 мактаби илмӣ ташкил ёфтааст. Донишгоҳ асосгузори илми ватанӣ дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисос оид ба соҳибкорӣ, соҳаҳои хадамот ва иқтисодиёти меҳнат ба шумор меравад.

Корҳои илмӣ-пажуҳишӣ дар донишгоҳ айни замон мувофиқи нақшаи панҷсолаи тасдиқшуда аз рўи се мавзўи дар Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда ва чандин мавзўъҳои ташаббусӣ гузаронида мешавад.

Дар солҳои охир дар байни ҳайати устодону профессорон, аспирантонҳо ва унвонҷўёни донишгоҳ талабот ба меҳнати илмӣ-интелектуалӣ зиёд шудааст. Ҳайати устодону профессорон ва аспирантҳо аз натиҷаҳои тадқиқотҳои илмӣбо Ғояҳои илмӣ дар конференсияҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва берун аз он баромад менамоянд.

Олимон ва устодони ҷавони донишгоҳ дотсентон Шаропов Ф.Р., Ҷабборов А. (дар соҳаи иқтисодиёт), Ғаффоров Д. (соҳаи рўзноманигорӣ), барои дастовардҳои илмӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи Исмоили Сомонӣ мукофотонида шуданд. Ҳамчунин барои фаъолияти илмӣ-таълимӣ Толибов Қ.Қ. ва Ҳусейнова Д. бо мукофотҳои қимматбаҳо қадр гардиданд.

Айни ҳол 32 маҳфилҳои илмии донишҷўён амал мекунад. Маърўзаҳои беҳтарин ҳар сол дар конференсияҳои илмии донишҷўён миёни мактабҳои олӣ, ҷумҳуриявӣ шунида мешавад. Инчунин барои иштирок дар озмунҳо, Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ, байналхалқӣ тавсия мегарданд.

Дар назди донишгоҳ Шўрои махсусгардонидашудаи дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ аз рўи ихтисоси илмии 08.00.05 – Иқтисодиёт ва мудирияти хоҷагии халқ: соҳибкорӣ, соҳаҳои хадамот, иқтисодиёти меҳнат амал мекунад.    

 

Суроға

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Суроға: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ