Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Роғун манбаи адонашавандаи нур аст, ки Тоҷикистонро дар оғӯши Шарқи куҳан ба ахтари ҳамеша тобон табдил хоҳад дод. Эмомалӣ Раҳмон.

КИТОБХОНА
______________________________________________________________________________________

Китобхонаи донишгоҳ ҳамчун муассисаи иттилоотӣ, фарҳангӣ, омӯзишӣ ва хазинаи бузурги маънавӣ дар соли 1987 ташкил гардидааст.

Нахустин китобҳо аз донишгоҳҳои шаҳрҳои Москва, Санкт – Петербург ва Новосибирк оварда шудааст.

Шумораи фонди китобхона дар солҳои охир дар асоси лоиҳаҳои муштараки масъулини барномаи “Tempus” – и Иттиҳоди Аврупо, ҳадяи роҳбарону коршиносони ташкилоту хазинаҳои байналмилалӣ ба мисли “Евраазия”, “Сорос”, “Када”, Маркази бизнес ва таҳсилоти иқтисодӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, дастгоҳи иҷроияи президент ва дигар шахсони илмдӯсти саховатпеша боз ҳам афзунтар гардидааст.

Дар китобхона зиёда аз 28060 нусха адабиёти илмӣ, 218621 нусха адабиёти таълимӣ ва 6720 адад брошюра вуҷуд дорад.

Китобхона зиёда аз 4500 – нафар хонанда дорад. Дар ин ҷо 2 толори хониш барои омӯзгорону донишҷӯён, толори китобхонаи электронӣ, толор барои гузаронидани ҳамоишу конфронс, утоқи абонемент ва махзани китоб мавҷуд аст.
Дар толори электронӣ зиёда аз 50 компютери навинтарин ба шабакаи интернет пайваст карда шудааст.

Дар хазинаи электронии китобхона зиёда аз 12 ҳазор китоби таълимӣ – илмӣ ба се забон мавҷуд аст.

Китобхонаи электронӣ усули нави ба хонандагон пешниҳод кардани китоб ва маълумот дар компютер мебошад. Маводи иттилоотӣ дар шакли электронӣ таҳия ва мазмуну мундариҷаи китоб дар диск сабт карда шуда, аз тариқи компютер хонда мешавад. Дар ин ҷо диски таълимӣ ва диски фанҳои гуманитарӣ мавҷуд буда, барои истифодаи донишҷӯёну омӯзгорон мувофиқ аст ва дар он барои хонанда ҳамаи маълумоти зарурӣ гирдоварӣ шудааст.

Дар китобхонаи электронӣ 380 диски таълимӣ аз фанҳои гуногун ба забонҳои русӣ ва англисӣ мавҷуд аст.

Вазифаи асосии кормандони китобхона аз ин иборат аст;

  1. - қонеъгардонии талаботи иттилоотии бисёрсоҳавии хонандагон;
  2. - муайяннамоӣ, тадқиқот ва татбиқи технологияи ҳозиразамон дар фаъолияти корӣ;
  3. - нигоҳдории мавқеи пешсафӣ дар байни дигар китобхонаҳои макотиби олии ҷумҳурӣ;
  4. - мусоидат ба маълумотнокии иттилоотӣ дар соҳаи китобдорӣ ва рушди самтҳои илмӣ – татқиқотии донишгоҳ дар шароити имрӯза;
  5. - нигоҳдории бойигарии фонди китобхона ва мероси илмии донишгоҳ.

Кормандони китобхона, асосан, ба омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ хидмат мерасонанд.

Дар китобхона ҳар сол ба бештар аз 20 номгӯи рӯзномаю маҷаллаи ҷумҳурӣ обуна мешаванд.

Аз 16 – уми декабри соли 2001 Гавҳар Мадиева ба ҳайси мудири китобхона фаъолият менамояд.

Дар китобхона 7 – нафар мутахассис кор мекунад:

1. Мавлуда Гулова, китобдори калон.
2. Рухсора Мамаднаимова, китобшинос.
3. Малика Сатторова, китобдори калони китобхонаи электронӣ.
4. Навраста Дӯстова, китобдор.
5. Фотима Назарова, китобдор.
6. Замира Раҳмонова, китобдор.
7. Фаризаи Ҳасратшоҳ, оператори китобхонаи электронӣ.

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ