Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Роғун манбаи адонашавандаи нур аст, ки Тоҷикистонро дар оғӯши Шарқи куҳан ба ахтари ҳамеша тобон табдил хоҳад дод. Эмомалӣ Раҳмон.

Асосӣ Илм ва инноватсия Шуъбаи такмили ихтисос, таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият

Шуъбаи такмили ихтисос, таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият

Моҳи октябри соли 2013 дар донишгоҳ маркази бозомӯзӣ, такмили ихтисос, таҷрибаомӯзӣ ва касб ташкил гардид.
Дар соли 2017 марказ ба шуъбаи такмили ихтисос, таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият табдил дода шуд.
Аз моҳи ноябри соли 2018 номзади илми педагогӣ, дотсент Бойалӣ Ҳусейнов мудири шуъбаи такмили ихтисос, таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият таъйин карда шудааст.
Номзади илми иқтисодӣ, дотсент Маҳмадназар Ҷамшедов мутахассиси пешбари шуъба мебошад.
Кормандони шуъба дар се самт фаъолият мекунанд:

1. Такмили ихтисоси омӯзгорон.
2. Таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва таълимӣ.
3. Рушди касбият.

Кормандони шуъба бо намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ ва берун аз он ҳамкории муфид доранд. Омӯзгорон дар ҳар як курсе, ки аз ҷониби мутахассисони шуъбаи такмили ихтисос таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият ташкил карда мешавад, ихтисоси худро такмил медиҳанд ва аз рӯи барномаҳои гуногуни таълимӣ барои баланд бардоштани сатҳи тахассусии худ ба хориҷи кишвар низ фиристода мешаванд. Донишҷӯён дар асоси барномаи мудирони кафедра ва нақшаи кормандони шуъба барои таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ба корхонаҳо равон карда мешаванд.

Мутахассисони шуъба дар соли таҳсили 2018 – 2019 ба бештар аз 40 корхонаи кишвар шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида, раванди таҷрибаомӯзии донишҷӯёни курсҳои 2-юм, 3-юм ва 4-умро дар донишгоҳ назорат мекунанд ва онҳоро ба рӯзномаю роҳхат таъмин менамоянд.

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Илм ва инноватсия Шуъбаи такмили ихтисос, таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият