Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

МО НАСЛИ НАВРАС ВА ҶАВОНОНРО БОЯД ДАР РӮҲИЯИ ҲИССИ БАЛАНДИ МИЛЛӢ, ВАТАНДӮСТӢ ВА ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ ТАРБИЯ КУНЕМ. ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Асосӣ Илм ва инноватсия Парки технологӣ

Парки технологӣ

Парки технологӣ 29-уми октябри соли 2013 дар заминаи бонки таълимии донишгоҳ ташкил карда шудааст.
Парки мазкур аз 22-юми майи соли 2018 ба Парки технологии “Тоҷири ояндаи ҷумҳурӣ” табдил дода шуд ва зерсохторҳои таркибии зерини донишгоҳ ба он вобаста гардиданд:

- Матбааи хурди “Тоҷир”;
- Маркази таълимӣ – истеҳсолӣ ва технологияи хӯроки умумӣ;
- Маркази таълимӣ – хидматрасонӣ ва дастархондорӣ;
- Маркази таълимӣ – меҳмонхонадорӣ;
- Маркази таълимӣ – рушди сайёҳӣ;
- Сехи дӯзандагии таълимӣ – истеҳсолии “Зебо”.

Зоиршо Султонов аз 29 – уми октябри соли 2013 то соли 2017 ҳамчун мудири Парки технгологӣ фаъолият кардааст.
Кенҷа Латифов аз соли 2017 мудири Парки технологӣ таъйин гардидааст.
Раҷабмоҳ Пирова мутахассис доир ба истеҳсолот мебошад.

Кормандони Парки технологӣ бо мақсади татбиқи амалии сиёсати давлатии фаъолияти инноватсионӣ саъю кӯшиш менамоянд, ки он аз навоварӣ марбут ба ихтисосҳои донишгоҳ, ҷустуҷӯи ғояи нав, истеҳсол ва фурӯши маҳсулот, ба роҳ мондани пажӯҳиши илмӣ ва омода намудани кадри болаёқат иборат аст.

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Илм ва инноватсия Парки технологӣ