Раёсати донишгоҳ

Раёсати донишгоҳ мақоми машваратии доимоамалкунанда дар низоми идоракунии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба шумор рафта, бо мақсади танзим ва беҳтар намудани фаъолияти зерсохторҳои он таъсис дода шудааст. Раёсат фаъолияти худро дар асоси сиёсати маорифпарварона ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», қонунгузории соҳаи маориф, фармоиш ва ваколатҳои ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ойинномаи донишгоҳ, қарорҳои Шӯрои олимон, инчунин, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои донишгоҳ, ки мақсад, вазифа, ваколати аъзои раёсати донишгоҳ, тартиби амалинамоии онҳоро муайян мекунад, амалӣ менамояд. Раёсати донишгоҳ мақоми машваратӣ буда, иҷрои ваколатҳои ректори донишгоҳ, фармоишҳои ӯ, амру супоришҳоеро, ки ба салоҳияти Шӯрои олимон ва дигар мақомоти идоракунии донишгоҳ дахл доранд, таъмин менамояд.

Фаъолияти раёсати донишгоҳ баҳри таъмину танзими рушди афзалиятноки донишгоҳ хамчун комплекси ягона равона карда мешавад.

Мақсади асосии раёсат таъмини фаъолияти мунтазами донишгоҳ ҳамчун комплекси ягона мебошад. Баҳри амалӣ кардани ин мақсад раёсат вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:

– рафти иҷрои фармоиш, қарор ва супоришҳои ректорро арзёбӣ намуда, нақша ва барномаҳои тасдиқшударо таҳлил менамояд;

– фаъолияти аъзои раёсатро, ки ба умумияти вазифаҳои дар наздашон гузошташуда асос ёфтааст, роҳбарӣ мекунад;

– масъалаҳои пайдошударо маълум намуда, роҳҳои ҳалли онҳоро меандешад;

– фаъолияти зерсохторҳои донишгоҳро бо мақсади истифодаи афзалиятноки неруи зеҳнӣ, пойгоҳи моддӣ ва молиявии донишгоҳ ҳамоҳанг менамояд;

– вазифаи машваратӣ ва иҷрокуниро дар назди ректор иҷро менамояд;

– лоиҳаҳои мавҷудбударо ташхис карда, иҷрои онро дар донишгоҳ назорат мекунад;

– рушди бонизом ва истифодаи самараноки иқтидори илмӣ ва пойгоҳи моддию техникии донишгоҳро таъмин менамояд;

– масъалаҳои пешниҳоди кормандони донишгоҳро барои ноил шудан ба унвонҳои ифтихорӣ ва мукофотҳои давлатӣ, аз ҳисоби натиҷаҳои назарраси илмӣ-тадқиқотӣ, педагогӣ ва дигар шаклҳои фаъолият ҳал менамояд;

– масъалаҳои ҳамкории донишгоҳро бо дигар ташкилотҳо, муассисаҳои таҳсилотию илмӣ муҳокима мекунад;

– назоратро аз болои иҷрои қарорҳои қабулшуда, нақша ва барномаҳои таълимӣ, илмӣ, пулӣ ва фаъолияти хоҷагии донишгоҳ амалӣ мегардонад;

– пешниҳодҳоро ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои гуногун, ки баҳри беҳбудии хизматрасонии фарҳангӣ, варзишӣ, тандурустии донишҷӯён, кормандон ва омӯзгорон равона шудааст, дар амал татбиқ менамояд;

– ҳар ҳафта ҳисоботи роҳбарони зерсохторҳоро оид ба вазъи кор ва натиҷаҳои ба даст оварда мешунавад;

– лоиҳаҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёриро муҳокима менамояд;

– масъалаҳои таъҷилиро, ки ҷиҳати рушди донишгоҳ заруранд, баррасӣ менамояд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top