Офтобро бо доман наметавон пўшонд

 

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзўи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез, ки 4 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе доир гашт, чунин иброз доштанд: «Имрўзҳо дар гўшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору дарозмуддати ҷамъиятию сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад».

Ин таъкиди Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бояд роҳбарони кишварҳои оламро ба андеша водор созад. Зеро имрўз аз оқибати амалҳои террористию ифротгароӣ дар гўшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд. Зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расидаанд ва миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд. Зарари ба иқтисодиёти кишварҳо расондашуда ба садҳо миллиард доллар дакка мехўрад.

Мутаассифона, дар баъзе кишварҳо неруҳое ҳастанд, ки аз ин зуҳурот – терроризму экстремизм ба сифати як хадамоти махсуси таъсиррасонӣ ва роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, геостратегӣ ва минтақавиашон истифода мекунанд. Чунин муносибат нисбат ба ин вабои аср моро ба мулоҳиза кардан водор месозад. Чунки «…кишварҳои дунё дар танҳоӣ наметавонанд дар муқовимат бо хавфу таҳдидҳои афзояндаи амнияту осоиш комёб гарданд ва сулҳу суботро таъмин намоянд».

Зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизми диниро аввалин бор дар солҳои навадуми асри гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ташкилоти террористӣ - экстремистии ҳизби наҳзати ислом барои нооромсозии вазъияти сиёсию ҷамъиятӣ ва ғасби ҳокимият роҳандозӣ ва истифода намудааст. Чунин фаъолияти тахрибкоронаи ташкилоти мазкур, ки бо дастуру пуштибонии доираҳои манфиатдори хориҷӣ татбиқ мегардид, боиси capзадани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишварамон шуд.

Оқибатҳои ногувору даҳшатбори ҷанги дохилӣ ва амалҳои террористии наҳзатиён то ҳанўз аз хотири мардум зудуда нашудааст. Он ҳамчун доғи сиёҳ ва саҳифаи торике дар таърихи давлатдории навини тоҷикон боқӣ мемонад.

Имрўз дар фазои Тоҷикистон офтоби сулҳ нурафшон аст. Занону духтарон озоданд. Аз ин рў, шукри истиқполу озодии кишварро мекунем.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top