Тероризм вабои ҷомеъа

 

Солҳои охир равандҳои иртиҷоие ба монандӣ тероризм, экстримизм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон тариҷан доман паҳн намуда, ба омили асосии мураккабшавии муносибатҳои байналхалқӣ табдил ёфтаанд.

Қатлу куштори ваҳшиёна кори маъмулии аъзои гурӯҳи терористӣ мебошад. Куштори бураҳмонаи занону кӯдакон низ барои онҳо амри маъмулист. Онҳо ба дини мубини Ислом аз зовияи ҷангу сиёсат менигаранд. Хело таасуфовар аст, ки дар ин кушторҳои ваҳшиёна ва амалиётҳои терористӣ баъзе ҷавонони мо ҳам иштирок доштанд. Онҳо мақсад гузоштанд, ки ба домани гулпӯши ватани мо ҳам дасти хунини худро расонанд, ба домане, ки дар он ба камол расиданду парвариш ёфтаанд.

Мушоҳида ва таҳлилҳо нишон медиҳад, ки фаъолияти ҳаракатҳои ифротӣ бо мурури замон низоми муташакили сиёсӣ касб кардааст ва онҳо иддаои тағйир додани низоми давлатдорӣ дар кишварҳои мусулмониро доранд зери таъсири ақидаҳои ифротӣ андешаҳои ботил сохтани арзишҳои миллӣ ва дунявии ҷомеа шакл гирифта истодаанд. Иштироки шаҳрвандони тоҷик дар амалиёти ин гуруҳҳо собит сохт, ки ҳадафи онҳо танҳо Ироқу Сурия нест. “Ҳамаи қуваҳои ифротӣ мекушанд вазъи маънавӣ ва фарҳангиеро, ки ҷомеаи давлатҳои пасошӯравиро фаро гирифта буд, пур намоянд ва ҷавононро барои пиёда кардани манфиатҳои манфури худ бараъло истифода баранд. Дар ҷомеаи суннатии мо дин мавқеи намоён дорад”. Барои ҳамин қуваҳои ифротӣ ба ҷомеа ба шакли дин ворид мешаванд.

Бо пешрафти технологияи муосир гирифтани пеши роҳи ақидаҳои ифротӣ ва тундгароӣ душвор шудааст. Муборизаро мебояд ба умќи масъала равона сохт. Тафаккури насли наврасро бедор намуд, то ки аз ҳадафҳои зоғҳои бадмур огоҳ гарданд.

Баъзеҳо гумон мекунанд, ки ҷангҷӯёни ДИИШ барои бунёди давлати исломӣ ва иҷрои қатъии аҳкоми шариат мубориза мебаранд, вале дар асл чунин нест. Дар асл чунин ҳаракатҳои ифротгаро падидаи исломӣ нестанд, балки созмони сиёсишудае мебошад, ки зери парчами ислом амал карда бо ин роҳ ҳадафҳо ва манфиатҳои ғаразноки сиёсиашонро роҳандозї мекунанд. Дар таблиғи ақидаҳои ифротӣ ташкилотҳои махсусӣ хориҷӣ дар минтақа манфиатдоранд ва ин андешаҳоро миёни ҷавонон таблиғ ва интишор мекунанд. Дар ин раванд ҷавононе, ки дар мактабҳои махсуси экстримистии хориҷӣ таҳсил кардаанд, метавонанд ширкат кунанд.

Руҳониён ва исломшиносон борҳо таъкид кардаанд, амалкардҳои аъзоёни “Далати исломӣ”, ки бо номи “ҷиҳод” анҷом дода мешавад, бо исломи аслу ноб робитае надорад. Дар натиҷаи амалиёти терористии онҳо хуни ҳазорҳо нафар бегуноҳ рехта мешаванд, кӯдакон қурбон мегарданд ва занон ба ҳалокат мерасанд. Ин амалу рафтори аъзоёни давлати ба ном исломиро тамоми аҳли башар ашадан маҳкум намуда, мављудияти онро касе намехоҳад. Фаромўш намобояд кард, ки террорист на мазҳаб, на миллат ва на Ватан надорад. Танҳо ҳадафи террорист як чиз аст, ки ин ҳам бошад, пиёда сохтани амалҳои номатлуб ва даст овардани маблағ ба шумор меравад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top