Дар эълони эъломия дер кардед, зеро ба он имрӯз ниёз нест

       Гурўҳҳои иғвоаангезу моҷароҷў, дасисабозу ифротгаро боз чандин асосҳоро барои оғози фаъолияти нави хеш бо номи ҷадид Паймони Миллии Тоҷикистон пеш меоранд. Зеро бо номҳои қаблӣ амалу рафторҳои ноҷавонмардонаву хиёнаткорона аллакай сурат гирифтанд. Бояд бо номи баландтаре ин маротиб мардумро сӯи ғаразҳову ниятҳои сиёҳи хеш кашанд. Зери номи ислом, ислоҳоти иқтисодӣ ва рушди Тоҷикистон, озодандешони тоҷик барор наёфтанд. Имрӯз ин гурӯҳҳои шикастхӯрда мехоҳанд муттаҳид шаванду бо дасисаву найрангези нав мардумро ба сӯи мақсадҳои муғризонаву нопокашон ҷалб созанд.

     27 соли соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ 27 китоби бузург, иқдомҳои созанда, амалҳои хайру савоб дар роҳи рушду пешрафти тамоми самтҳои муҳиму афзалиятноки мамлакат ва манфиатҳои миллӣ буд. Мо баъди дасисаву моҷароҳои солҳои навадуми асри гузашта, ки бо дасти гурӯҳҳои зархариду моҷароҷӯ анҷом ёфт ва тамоми самтҳо, иқтисоду иҷтимоиёти кишвар фалаҷ гардида буданд.  Боиси он шуд, ки ҷумҳурӣ ба қатори қашшоқтарин давлатҳои дунё ворид гардад, дар давоми 27 сол ин оқибатҳои харобиовари дасти онҳо барқарор ва рушду пешрафти самтҳои муҳими мамлакат таъмин карда шуд.Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби як қатор созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамчун минбари рў ба рушд инкишофёфта шуд. Сатҳи камбизоатӣ аз 85 фоиз то 29 фоиз коҳиш дода шуд. Он бандҳои бисёр аламоваре, ки шумо дар эъломияи худ изҳор доштед, ҳама ба маротиб таъмин карда шудаанд ва беш аз ин иқдомҳои бузургу созандае амалӣ гардиданд, ки мислашро таърих ёд надорад. Шумо дар тартибу эълони эъломияи худ дер кардед. Зеро ба он имрӯз ниёз нест.

Зуҳурзода З.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top