Изҳороти омӯзгорону донишҷӯёни ДДТТ

Раёсат, омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни ДДТТ дар айёми таҷлили 27-уми солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амали нодурусту иғвогаронаи мухолифин тоҷикро, ки санаи 9-уми сентябри соли 2018 дар пойтахти Полша Эъломияи таъсиси Паймони Миллии Тоҷикистонро қабул карданд, шадидан маҳкум менамоянд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон ва, бахусус, ҷавонони сарфарози он ба туҳмату буҳтон ва иғвогарию дасисабозии ватанфурӯшону хоинони миллат, ки ба хотири манфиатҳои маҳдуди ҳизбию гурӯҳӣ ва нафсонии худ бар зидди давлату миллати тоҷикон дар шабакаҳои иҷтимоӣ мухолифату душмании иттилоотиро ба роҳ мондаанд, дода намешаванд ва ин амалҳои муғризонаро мавриди эътибору эътимод қарор намедиҳанд.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни бузурги давлатию миллии кишвари озоду ободи мо ва дастоварду комёбии беназири миллати бофарҳангу бостонии тоҷик аст.

Миллати мутамаддини тоҷик имсол низ бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазою муҳити сулҳу субот ва дӯстию ҳусни тафоҳум бо комёбиҳои бузург дар соҳаи иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳанг ҷашн гирифтанд.

Омӯзгорону донишҷӯёни ДДТТ ва кулли мардуми азизи Тоҷикистони соҳибистиқлол сиёсати созандаю хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро комилан ҷонибдорӣ менамоянд ва Истиқлолияти давлатии кишвари маҳбуби худро дар муборизаю набардҳои гуногун бар зидди ватанфурӯшону душманони миллати тоҷик ҳифзу нигоҳдорӣ мекунанд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top