Муроҷиати ҷавонони ДДТТ ба ҷавонони роҳгумзада

Ҷаласаи ҳуқуқи инсони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ки дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон баргузор гардид, бори дигар собит сохт, ки душманони миллати тоҷик ва мухолифини давлати тоҷикон бо ҳар роҳу усули ноҷавонмардона меҳоҳанд, ки обрӯи эътибори ҷумҳуриро дар арсаи байналмилалӣ паст зананд ва барои иҷрои фармонҳои хоҷагону маблағгузорони худ ба ҳама гуна разилӣ қодиранд.

Бояд қайд кард, ки аз наворҳои дар васоити ахбори омма нашршуда бармеояд, ки дар байни онҳо ҷавононе ҳастанд, ки худ саводи кофие надоранд, забони хориҷиро намедонанд, на аз сиёсат хабар доранду на аз таъриху тамаддуни кишвар. Маълум аст, ки онҳоро хоини миллати тоҷик Кабирӣ бо ҳаммаслакони худ ба доми фиребу найранги худ кашидааст ва барои мақсадҳои ғаразноки худ истифода менамояд.

Ростӣ, дили мо – ҷавонони ободкори кишвар ба ҳоли чунин ҷавонони ватангадо месӯзад, ки бо супоришу маблағгузории душманони миллати мо тӯтивор оид ба ҳуқуқи инсону демократия сухан мегӯянд. Кош онҳо заррае ҳам аз принсипҳои давлати демокративу сиёсати созандаи Пешвои миллат хабардор мешуданд.

Вале ин ҳама намоишҳои хоинон дер давом нахоҳад кард ва чанде пас онҳо ба хоҷагони беномуси худ даркор ҳам намешаванд.

Дар ҳоле, ки ин аблаҳон дур аз ватан, дар гадогиву талбандагӣ умри ҷавони худро хазон мекунанд, ҷавонони саодатманди миллат бо нерӯи созандаи худ баҳри ободии Ватани азизамон камар бастаанду бо хушнудӣ барои рӯзе, ки дар таърихи миллати тоҷик бо ҳарфҳои тиллоӣ навишта мешавад, яъне Рӯзи ба истофода додани агрегати нахустини НБО «Роғун» омодагӣ мебинанду ба фардои дурахшони Тоҷикистони маҳбуб устуворона қадам мезананд

Ба он ҷавонони роҳгумзадаи дур аз ватан муроҷиат менамоем, ки зудтар иштибоҳи худро фаҳманд, тавба намоянд ва ба ватани худ, ба назди падару модар ва наздикони хеш баргашта, он нерӯи худро барои ободии кишвар сарф намоянд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top