Авлавият дар амнияти Бадахшон аст

Дар шумораи 41-уми ҳафтаномаи “Тоҷикистон” зимни мусоҳибаи худ собиқ генерали Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар Давлат Маҳмадризобеков перомуни вазъяти кунунии сиёсию амниятии шаҳри Хоруғ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон изҳори андеша кардааст ва аз гурӯҳҳои гуогуни ҷинояткор, фурӯшандагони маводи мухаддир ва ашхоси силоҳдор, ки тартиботи ҷамъиятиро дар минтақа вайрон менамянд, қонуншиканӣ мекунанд, сахт интиқод кардааст.

Мавсуф тағйиротҳои кадриеро, ки дар сохторҳои давлатию низомии вилояти мазкур аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беҳтар гардонидани вазъи минтақа равона карда шудааст, куллан ҷонибдорию дастгирӣ менамоянд ва таъкид мекунад, ки дар мубориза ба муқоили нерӯҳои вайронкору қонуншикан бояд нақши сохторҳои марказӣ зиёд гардад ва дар ин кори масъулиятноку душвор, асосан, бояд сохторҳои ВКД, КДАМ ва дигар ниҳодҳои қудратӣ саҳмгузор бошанд.

Генерал Давлат Маҳмадризобеков ҳангоми мусоҳиба зикр мекунанд, ки ҳам дар марказ ва ҳам дар худи Бадахшон бояд аз шумори кадрҳои маҳаллӣ сафи кормандони сохторҳои қудратӣ афзоиш ёбад, зеро дар давоми солҳои охир шумораи онҳо хеле кам шудааст.Ба фикри эшон, он кадрҳое, ки аз дигар манотиқи кишвар ба Бадахшон фиристода мешаванд, расму ойини мардуми бумиро дуруст намедонанд ва бо халқи маҳаллӣ ба пуррагӣ забон намеёбанд.

Дар ин маврид мо ба чунин андешаронии генерал Д.Маҳмадризобеков қисман розӣ шуда наметавонем, чунки кору пайкори ҳамин кадрҳои маҳаллӣ буд, ки вазъияти сиёсию амниятии вилоятро орому муътадил карда натавонистанд ва барои ба эътидол овардани вазъи ноорому нигаронкунандаи шаҳри Хоруғ ва вилояти мазкур дахолати Ҳукумати Марказӣ ногузор гардид.

Кадрҳои маҳаллӣ дар тӯли ин солҳо гурӯҳҳои ҷиноиро барҳам назаданд, силоҳро аз дасти мардум ҷамъ накарданд, пеши роҳи кочоқи маводи мухаддирро нагирифтанд ва дар натиҷаи чунин каммасъулиятиву саҳлангории онҳо вазъи сиёсию иқтисодӣ ва амниятии Бадахшон рӯ ба беҳбудӣ наовард.

Ба андешаи мо дар масоили рушди кишвар ва тарбияи кадрҳои маҳаллӣ, аз ҷумла, кадрҳои минтақаи Бадахшон бояд манфиатҳои умуми-давлатию умумимиллӣ дар мавриди аввал ба назар гирифта шаванд.

Мо бояд кадрњои миллиро ба “худӣ”-ю “бегона” ҷудо накунем ва ба њар як кадр аз рӯи қобилияту касбият ва ахлоқи неку масъулиятшиносии он бояд муносибат кунем ва ҳангоми ба вазифаҳои пурмасъул пешниҳод кардани онҳо ин хусусиятҳоро пеши назар дошта бошем. Маҳалгаронию тафаккури маҳдуд дар корҳои давлатию хусусӣ ба парокандагии миллат оварда мерасонад ва ин тарзи андешаронӣ дар масъалаи кадрҳо ва дар ҳар як масъалаи дигари доғи рӯз ба ваҳдати миллии мо тоҷикон осеб расонида метавонад.

Дар оянда барои рушди муназзами шаҳри Хоруғ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон ва ба эътидол овардани вазъи сиёсию амнияти он Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кадрҳои арзандаю ватандӯстро дар сохторҳои гуногуни сиёсию низомии он интихоб ва таъйин намуданд ва боварию умед аст, ки чунин тағйироти кадрӣ ва амалҳои созанда дар солҳои наздик натиҷаҳои муҳимеро ба бар хоҳанд овард.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top