Биё то ҷаҳонро ба бад наспарем...

«Агар хоҳӣ душманро мағлуб намоӣ - фарзандони ўро тарбия намо»

Конфутси

Оре, ҳамин тавр ҳам ҳаст! Муҳимияти ин андеше, ки таърихи сеҳазорсола дорад, имрӯз беш аз пеш таҷассумгари оинаи  зиндагӣ гардидааст. Тарбияи  ҷавонон омилест басо тақдирсоз баҳри ояндаи халқу миллат. Агар дар ин замина диққати хоса ва чорае мушаххас наандешид, пас мағлубияти миллат ногузир аст. Ҷавонон дар рӯҳияи  номуътадилу номуайян, андешаву ақидаҳои бефикрона, идеологияи “озодандешона”-и мамолики Ѓарб ва ҳар гуна чолишҳои аз ақли инсон  берун ва ғайраву ва ҳоказо чӣ гуна метавонанд тарбия ёбанд. Вақто ки касе ба онҳо кор нагираду ҳамагон аз бетарафи муҳри хомӯшї бар лаб зада бошанд. Дар ин сурату сирати пуршӯру беқарори ҷавонон ё донишҷӯён кӣ бояд таъсиргузор бошад.  Ба фикри мо волидайну хешовандон, омӯзгорону тарбиятгарон, шахсиятҳои маъруфу машҳур, чеҳраҳои шинохтаву ношинохта, ВАО, матбуоту шабакаҳои иҷтимоӣ ва... суолест, ки, моро монда то ба ҳол беҷавоб. Аз  беаҳмиятии мо шабакаҳои мухталифи иттилоотии интернетӣ бо оҳанги “ҷудоихоҳӣ” ва ихтилофандозу рафтори аҷнабиёна ба ақли ҷавонон чун вирус ворид шуда, ба роҳу назари дигар ба сӯи қуллаи фатҳношавандаи дурӯғгини худ  ҳидоят мекунанд. Аз он ки, фазои холигиеро ҷавонон гӯё доранду ба мутолиа, омӯхтан, таҷрибаандӯзӣ, такмилдиҳии ҷаҳонбинӣ ва диду нигоҳи ояндасоз “вақт намеёбанд”, ба сӯи интернету шабакаҳои иҷтимоӣ медаванд, хуморшиканӣ, мекунанд.

  Ҳама бо телефони мобилӣ имрӯз таъмин шудаву мафкураи худро дар истифодаи бемайлони он гипноз сохатаанд, агар сари дастархон ҷамъ оянд мӯҳри хомӯшӣ фарогир хоҳад шуд, зеро бо телефон дар вайберу ютубу имо ва ватсаб  ворид шудаву чашм аз сӯи ҳамдигар кандаву фаромӯш сохта эҳтирому муносибати сари дастархонро. Ҳоло дар ҳар лаҳза  рушди интернет, воридшавӣ ба он, дар ҳар як хонавода  корест басо осон ва моро водор месозад, ки  барои пешгирӣ кардани истифодаи мунтазами он  чораҳои зарурӣ андешида шаванд. Рушди  бемайлони интернет дар самти шабакаҳои иҷтимоӣ, дастрасии бемаҳдуд ба онҳо, васвасаи истифода бурдани онҳо барои мақсадҳои некхоҳона  ва ҳатто  баъзан бо мақсади ҷинояткорӣ, диққати махсусро талаб менамояд. Ин  таъсироти иттилоотӣ ва равонӣ бештар ба  насли наврас ва ҷавонон дахл дорад, зеро  ки онҳо то ҳанӯз  бо сабабҳои объективона ва андешаҳои  мустақилонаашон  “мошро  аз гандум” фарқ карда наметавонанд.

          Чӣ тавре ки мебинем, ҳамарӯза шабакаҳои иҷтимоӣ фаъоланд, аз ҷумла  ҳамаи навъҳои мағзшӯї  ва тазоҳуротҳои ташкилотҳои террористӣ, экстремистӣ ва гурӯҳиро  истифода мебаранд. Дар айни замон, синну соли истифодабарандаи Интернет ба таври назаррас коҳиш ёфтааст, ки баъзан  кӯдаки 5 сола аз компютер ва дастгоҳҳои мобилӣ  истифода мебарад, ки калонсолонро дар  ҳайрат мегузорад. Сабаби асосии он  - рушди босуръати технология ва ҳамгироии он ба ҳаёти ҳаррӯзаи одамон аст.       Вақто, ки ҷавонон фирефтаи шабакаҳои иҷтимоӣ гардида, аз иттилооти фитнаангези ҷудоихоҳ ва ваъдаҳои осмонбӯси  ифротгароён бовар ё гӯшу ҳуши хешро медиҳанд, пас дар раванди ҷаҳонишавии қишрҳои ҷамъият ва олами мураккабу номуайян нисбати ояндаи худ,   ба даққиқае фикр кардан фурсате пайдо карда метавонанд ё на. Насли имрӯза ондаи худро чи тавр метавонад хайёлпарастона ободу зебо созад. Ҳақ ба ҷониби Пешвои муаззами миллат, ки дар Паёми имсолаи ироанамудаашон  баҳри таъмини ояндаи дурахшони кишвари маҳбуб  зикр намудаанд: - “Мо ҳар амали некеро, ки ба шукронаи истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ анҷом медиҳем, барои худамон, фарзандонамон, наслҳои ояндаамон, Ватани азизу маҳбубамон – Тоҷикистон мекунем, зеро ин Ватан ва ин давлат аз худи мост ва онро ба ҷойи мову шумо каси дигар обод намекунад.”Воқеан, ҳама пиру ҷавон ва ҳатто кӯдакон бе телефону шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаёту мамоти хешро тасаввур карда наметавонанд. Агар мо, ба насли калонсол назар кунем, бо боварӣ гуфта метавонем, ки аксарияти онҳо  ҳамаи хатогиҳо ва оқибатҳои кор бо Интернетро мефаҳманд. Дар бораи кӯдакон ва ҷавонон  чӣ гуфтан мумкин аст? Оё онҳо аз таҳдидҳое, ки сари ҳар як қадам онҳоро инзор аст огаҳӣ доранд ё на?  Бояд иқрор шуд, комилан не! Онҳо наметавонанд "эҳсос намоянд" барномаҳои зиштро, аз он ҷумла: ба вебсайти хатарнок табдил диҳанд; боркунии  файлҳо аз захираҳои мубодилаи файл; боркунии  маводи пиратӣ (мусиқӣ, видео); насби " озод ё ройгон", ки дар натиҷа рекламаи номатлуб пайдо мешавад; кӯдак метавонад ферефтаи  маълумоти шахсӣ (шахс ё падару модараш) гардад.  Ин амалҳо оқибатҳои зеринро метавонанд ҳусни оғоз бахшанд:· Дар натиҷа таҳдиду фишорҳои гуногун, таҳқиру иғвоангези дар шабакаи интернет пайдо мешавад.· Робитаҳои маънгардида. Ин маълумот дар бораи маводи мухаддир, худкушӣ, зиёнрасонӣ  ва порнографияҳои ҷинсӣ мебошад. Маълумот дар бораи таҳдидҳои номбаршуда тавассути сайтҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва рекламавӣ паҳн карда мешаванд;

  • Бештар чунин ҳодисаҳо аксаран тавассути ҳуҷраҳои сӯҳбатҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ, бозиҳои компютерии онлайнӣ ва дигар захираҳое, ки ба истифодабаранда фурсати алоқа карданро медиҳад.

· Побанди интернет шудан. Ин  вобастагӣ воқеан табобатношаванда барои кудакон мебошад. Дар ин ҳолат, мутахассисон фақат муҳаббати волидайн ва диққатро  ба сӯи кудакон тавсия медиҳанд.· Ҳалли мушкилот имконпазир аст. Пас, чӣ гуна ҳалли имконпазир вуҷуд дорад? Маън кардани кўдакон то як давраи муайяни синну сол  имконпазир аст, ҳатто барои баъзе кӯдакон вуҷуд надорад, яъне онҳо дигар ҳастии худро бе компютер ё телефони мобилии пайваст бо интернет тасаввур карда наметавонанд.

Биёед каме андеша намоем, ки  аз бепарвогиву беаҳмиятӣ ва истифодаи ҳамешагии шабакаҳои иҷтимоӣ, ба ваъдаҳои фиребиназар дода шуда, мувофиқи маълумотҳои расмӣ  солҳои охир зиёда аз 1400 шаҳрванди Тоҷикистон   ба гурўҳҳои экстремистӣ бо номи  ДИИШ ворид гаштаанд. Ҳатто бархе аз ҷавонон бо оилаҳои худ ба шаҳрҳои Сурияву  Ироқ куч бастанд. Аксари ҷавонон ҳангоми муҳоҷир шудан дар Федератсияи Россия  бо ҳар гуна роҳу восита “мағзшӯӣ гардида” ба ин гурӯҳҳо ҳамроҳ шудаанд. Волидайну хонаводаҳои онҳо аз ин қисмати тунду талхи хеш хун мегирянд, вале  ҳама дар фикр онанд, ки “худ кардаро даво нест”. Оқибати гаравидану ферефтаи назару ақл гардидани ҷавонон, оилаҳо низ сарсону саргардонанд, худ қазоват намоед, зиёда аз 15-зани тоҷик ва фарзандони онҳо як сол аст, ки дар Сурия бозгашт ба ватанро чашминтизоранд. Ба ин маълумот эътибор диҳед, шаҳрванди 24- солаи Исфара Шабнам  Ҳалимҷонова бо фарзанди хурдсолаш  қариб таи як сол мешавад дар хаймаҳои вайрона дар шаҳри Эл – Маликия зиндагӣ дорад. Маълум мешавад, ки шавҳари Шабнам соли 2014 ӯро бо роҳи фиреб ба Сурия овардааст. Шавҳари Шабнам яке аз сарбозони ДИИШ будааст ва ду сол пеш кушта шудааст. Ана фарзандони ояндасози миллат. Ин гуна мисолҳо хеле ва хело  зиёданд.

Бояд такия намуд бар андешаҳои пурмӯҳтавои Паёми Пешвои  муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон, то ҷавонон дар партави сиёсати хирадмандонаву дурандешона ояндаи хешро ба суи қуллаҳои муроди орзӯҳо собитқадамона тай намоянд. Бо суханони Пешвои маҳбуб “ ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад” бо ақли солим амал карда, бо дилу нияти пок баҳри ободии Ватани маҳбуб  илҳому қудратеро бояд физуд, то воқеан ҷонфидои ин сарзамин бошем.

Ба ин андешаҳои ҷолиб таваҷҷӯҳ фармоед “то ба 35 солагӣ расидан ҳар як соли  илова омӯхтан ба ним сол давомнокии умри инсон изофа мегардад”.  Таҷриба нишон медиҳад, ки  онҳое, ки маълумоти миёна доранд нисбати ба дорандагони маълумоти олӣ 54%  давомнокии умрашон кам аст. То расидан ба синни 25  одамоне, ки маълумоти олии нопурра доранд, нисбат ба онҳое ки маълумоти миёна доранд давомнокии умрашон 7 сол зиёдтар аст. Бояд тазаккур дод, ки сабаби зиёдшавии давомнокии умри инсон дар он ифода ёфтааст, ки соҳибмаълумотнокии инсон ба таъмини бехатарии ӯ замина эҷод менамояд. Бинобар ин, ҷавонони соҳибмаълумот ва соҳибкасб, ки  бо бехатарии иттилотию психологӣ таъминанд, бе шубҳа ба ҳар гуна амалҳову иқдомҳои ҷудоихоҳ, фитннасозу кинапарвар ва ҳизбу ҳаракатҳои ифтротгаро заррае диққат нахоҳанд дод ва бо шукр аз Ватани ободу озод баҳри ояндаи дурахшони халқи соҳибмаърифату тамаддунсоз бо азму иродаи қавӣ дар таъмини рушди босуботи Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзандаи хешро хоҳанд гузошт.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top