Изҳороти коллективи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Печать

Дар замони муосир душманону хоинони давлату миллати тоҷик бо истифода аз роҳу воситаҳои гуногун, технологияҳои ҳозиразамон ва шабакаҳои иҷтимоӣ афкору ақидаҳои беасосу муғризонаи худро нисбат ба давлату Ҳукумати Тоҷикистон, роҳбарони сохторҳои давлатӣ ва шахсиятҳои шинохтаи кишвар дар соҳаи сиёсату илм, фарҳангу иқтисод баён менамоянд, ки ин сухану андешаи онҳо туҳмату буҳтон, ноодилонаю ғайриобъективӣ ва аз рӯи хусумату бадбинӣ ва ҷаҳлу нотавонӣ аст.

Масалан, ба мо дар ҳамин рӯзҳои наздик навиштаи нафақахӯр ва ветерани меҳнат Исломиддин Садиров бо номи “Душмани халқ” дастрас гардид, агар, дар ҳақиқат, ин навиштаи ҳамин кас бошад ва чунин шахс вуҷуд дошта бошад.
Муаллиф аз номи халқи тоҷик, зиёиён, рӯзноманигорон ва сиёсатмадорон сухан ронда, фикрҳои ғаразноку яктарафа ва дурӯғини худро ба сари хонанда иҷборан бор кардан мехоҳад. Исломиддн Садиров халқи тоҷик нест, балки як фард, як шахс аст ва ӯ ҳаққи аз номи халқи тоҷик сухан гуфтанро комилан надорад; халқи тоҷик ба ӯ ин ваколатро надодааст.

Садирови нафақахӯр аз номи зиёиёну рӯзноманигорон ва сиёсатмадорони тоҷик низ ҳаққи ибрози андеша карданро надорад.

Инсон ва, хосса, инсони солдидаю солор бояд ҳар як суханро андеша кардаву санҷида, пас аз он ба забон орад, то бо сухани беасосу беандеша дили касеро наозорад. Дар суханронии Исломиддин Садиров, ки худро собиқадори меҳнат гуфтааст, чунин амал ба назар намерасад, балки ӯ бо нигоҳи муғризона ва хусумату иғвогарӣ шахсиятҳои шинохта ва кормандони давлатиро “масхарабоз”, “дузд”, “ғоратгар” ва “ноуҳдабаро” мегӯяд, ки туҳмату буҳтон аст ва пастию разолат ва ноодамию бевиҷдонии Садирови нафақахӯрро нишон медиҳад.

Бузургони миллати мо дар ин маврид гуфтаанд:

Сухан к-он аз сари андеша н-ояд,
Навиштанрову гуфтанро нашояд

Дар даврони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари мо бо роҳбарии хирадмандона ва сиёсати муваффақонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ободу шукуфон гардид, илму маориф рушд кард ва сатҳу сифати зиндагии мардуми тоҷик хеле ҳам баланд шуд, аммо ҳамаи ин комёбию дастовардҳои давлату мллати сарфарози тоҷикро душманону бадхоҳони он дида наметавонанд, чун ҳирсу ҳасад, бухлу кина ва бадтинатию ҷаҳолат пеши чашми онҳоро пӯшидааст. Он нафароне, ки имрӯз дар зери ҳимояву маблағгузории хоҷагони хориҷии худ ба сӯи давлату халқи тоҷик сангандозӣ мекунад, фарҷоми бад онҳоро интизор аст ва дигар пушаймониву афсӯс хӯрдан суд намедиҳад:

Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.

Коллективи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон амалҳои ғаразноку бадхоҳонаи душманону ватанфурӯшони давлату миллати тоҷикро комилан маҳкум менамяонд ва сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишварро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд.