Мо зидди таассуб ва ифротгароӣ

Терроризму ифротгароӣ, ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон башарият ва ҳар як сокини сайёра хатари ҷиддӣ дорад. Махсусан гароиши ҷавонону наврасон ба ин падидаи номатлуб нигаронкунанда аст.Дарвоқеъ, вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир тамоми қишрҳои ҷомеаро ба гирдоби сарбастае оварда расонидааст.

Ифротгароӣ, одатан, ҳамчун ғоя, идеология ва сиёсат, ҳамчун зуҳурот ҳамон вақт ҷиноят ҳисоб меёбад, ки дар он усули ноилшавӣ ба мақсад ва роҳи ҳалли масъалаҳои сиёсӣ ба роҳи зӯрӣ ва ё террор амалӣ карда шаванд.

Вақтҳои охир, фаъол шудани баъзе аъзои ҳизби мамнӯи ҲҲИТ, ташкилотҳои ғайриқонунии дигар ба мисли Гурӯҳи 24 Паймони миллии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар шаҳодати он аст, ки мухолифони сиёсати имрӯзаи Тоҷикистони азиз ба қавле “аз асп фаромада бошанд ҳам, аз рикоб нафаромадаанд”.

Онҳо бо дастгирии ҳомиёни хориҷиашон кӯшиш доранд, ки боз баҳам биёянд ва аз тариқи васоити ахбори омма дар ҳаққи мардуми мамлакат туҳмату буҳтон зананд ва матолиби зиёди беасос яъне, ки маълумотҳои дурӯғро паҳн намоянд. Бо ин восита аз баъзе давлатҳою ташкилотҳои байналмилалӣ паноҳгоҳ ва кумакҳои пулӣ дарёфт намоянд.

Ҳадафҳои нопоку разилонаи ҳама гуна ташкилотҳои ифротгарову террористӣ ва намояндагони созмонҳои ифротии наҳзатӣ ва Гурӯҳи 24, чӣ дар ҳудуди кишвар ва чӣ дар хориҷи он, танҳо сиёҳу бадном кардани сиёсати пешгирифтаи роҳбари имрӯзаи давлату низоми давлатдорӣ набуда,балки кӯшиши расидан ба ғаразҳои нопоки худва халалдор намудани сулҳу суботи Тоҷикистонро аст.

Душманону ватанфӯрушон рушду шукуфоӣ ва ободию осудагии давлату миллати моро дида наметавонанд.

Террорист дину маҳзаб Ватану миллат надорад. Садҳо афсӯс, ки ҳоло ҳам бархе аз ҷавонони мо бинобар надоштани дониши мукаммали диниву дунявӣ, паст будани маърифати ҳуқуқӣ, зиракии сиёсӣ ва ҷаҳонбинии васеъ ба равияҳои гуногуни ифротӣ пайваст шуда, ба давлатҳои ҷангзада сафар намуда ва ҷони ҷавони хешро дар роҳгумӣ қурбон месозанд.

Аз ин лиҳоз, имрӯз ҷомеаи моро зарур аст, ки манфиатҳои миллӣ, амнияти кишвар, сулҳу суботи ҷомеа, истиқлолият ва ваҳдати миллиро ҳимоя намуда, баҳри тарбияи маънавию ахлоқии наврасону ҷавонон саҳми босазою арзанда гузорем.

Мо бояд пайваста кӯшиш ба харҷ диҳем, ки то ҳар як зуҳуроти номатлубро решакан намуда, дар ҳифзи ин сарзамини биҳиштосо ҷони худро нисор намоем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат,Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки «Мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафту нерӯманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона кунем».


Маҳсуддинова Р.Ғ.
котиби Шӯрои олимони донишгоҳ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top