Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

МО НАСЛИ НАВРАС ВА ҶАВОНОНРО БОЯД ДАР РӮҲИЯИ ҲИССИ БАЛАНДИ МИЛЛӢ, ВАТАНДӮСТӢ ВА ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ ТАРБИЯ КУНЕМ. ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Асосӣ Хабарҳои сиёсӣ Уфуқҳои нави ҳамкорӣ

Уфуқҳои нави ҳамкорӣ

Дар ин рӯзҳои баҳории соли 2019 Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкиму тавсиаи ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия ба ин кишвари дӯсту шарики муҳимми стратегӣ сафари расмӣ анҷом доданд.

Дар ин сафари расмӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президенти кишвар оид ба масоили робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, молия, кишоварзӣ, маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, энергетика ва захираҳои об, раиси вилояти Суғд, директори Агентии назорати маводи нашъаовар, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, сардорони хадамоти гумрук ва зиддиинҳисорӣ ва дигар шахони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

16-уми апрели соли 2019 Президенти кишвар доир ба масоили муҳимми тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ аз ҷумла, дар бораи ҳамкорӣ бо минтақаҳои Россия, дастрас кардани маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба ин кишвар, суръатафзоӣ ба маблағгузорӣ барои бунёди марказҳои нақлиётию логистикӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, бунёди мактабҳо бо омӯзиши амиқи забони русӣ, ҷалби омӯзгорони русзабон аз Россия ба Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар масъалаи таъмини амният ва ҳамкории ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва тадбирҷӯӣ оид ба таҳкими иқтидори мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд.

Дар ҳамин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Вячеслав Володин мулоқот намуда, масъалаи муносибати судманди байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россияро баррасӣ карданд. Дар мулоқот аҳамияти бузурги шарикии стратегии Тоҷикистону Россия, ҳамгироии байнидавлатӣ дар доираи кори Комиссияи ҳамкории байнипарлумонӣ ва Маҷмаи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъкид гардид.

Ҳамчун, ҷонибҳо доир ба масоили кунунии минтақаю ҷаҳон, муборизаи муташаккилона бар зидди терроризму ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккилу фаромиллӣ ибрози афкор намуданд.

16-уми апрел дар шаҳри Москва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон, соҳибкорон, зиёиён ва донишҷӯёни тоҷик дар Федератсияи Россия мулоқот доир намуданд.

Сарвари давлати тоҷикон дар ин мулоқот оид ба дастовардҳои бузургу муассири давлату миллати тоҷик дар давраи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла, дар бораи тарҳҳои муҳимми иқтисодӣ, бунёди Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқавории кишвар, рушди соҳибкорӣ, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, стратегияи миллии рушд барои барои давраи то соли 2030 ва ташаббуси Ҷуҳурии Тоҷикистон дар мазӯи “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ба таври муфассал суханронӣ намуд.

Дар идомаи мулоқот дар бораи муҳоҷирати меҳнатии тоҷикон ба Россия, ба танзим даровардани ин раванд, ҳифзи ҳуқуқу манфиат ва вазъи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, тамдиди муҳлати бақайдгирӣ аз 7 то 15 рӯз ва ташкили ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба кишвари рус андешаронӣ карда шуд.

Ҳамчунин, дар бораи рушду тавсиаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, тарбияи кадрҳо ва дӯстию рафоқати мардуми Тоҷикистону Россия сухан гуфта шуд.

Зимни суханронии худ сарвари давлат ба шаҳрвандони кишвар муроҷиат намуда, таъкид карданд, ки дар шароити босуръати ҷаҳонишавӣ масоили ҳифзи ҳувияти миллию фарҳангӣ ва худшиносию худогоҳии миллӣ ҳамчун рукни муҳимми истиқлолияти миллӣ ва давлатдории навини тоҷикон аҳамияти бузургеро касб намудааст ва ҳар яки шумо бо ахлоқу одоби нек, сатҳи баланди маънавияту фараҳанг ва тарғиби расму ойини шоистаи миллӣ дар тавсеаю таҳкими робитаҳои дерину пурбори Тоҷикстону Россия саҳми арзандаи худро гузошта метавонед.

Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ муҳити фарҳангию маънавӣ ва андешавии муҳоҷирони меҳнатию ҳамватанони бурунмарзии мо тағйир меёбад, ки ин дар навбати худ арзишу маънавият ва ҳувияти миллии тоҷиконро дар вазъу ҳолати осебпазирии ҷиддӣ қарор медиҳад. Аз ин рӯ, бояд ба масоили ҳувият, худшиносӣ ва худогоҳии наврасону ҷавонон аҳамияти зиёд дода шавад, то кишвари худро аз таҳдиду хатарҳои воқеию эҳтимолӣ ҳифз кунем.

Имрӯз дар Федератсияи Россия бештар 60 иттиҳодияву ҷамъияти тоҷикон мавҷуд аст, ки роҳбарину намояндагони он дар тарғиби таъриху фарҳанги кишвари бостонии мо нақши арзанда мегузоранд. Кунун вақти он расидааст, ки дар асоси ин иттиҳодию ҷамъиятҳо Иттиҳодияи умумии россиягии тоҷикон ташкил карда шавад.

17 – уми апрели соли равон дар Қасри Кремл мулоқоту музокироти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимр Путин баргузор гардид.

Сипас дар ҳузури сарони давлатҳо 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ боз як иқдоми ҷиддию созанда дар самти рушду инкишофи босуръати муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангию иҷтимоӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия мебошад, ки дар он саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр ҳам муҳимму бузург аст.

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳои сиёсӣ Уфуқҳои нави ҳамкорӣ