Tаъсири манфии ифротгароии динӣ

Дар замони мо, ки пур аз тазод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд. Маънои аслии «экстремизм» чист ва он чӣ гуна падида аст? Экстремизм – (аз калимаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus») гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳадд гузаштан, аз андоза гузаштан аст.

Ҷомеаи имрӯзаи моро равияҳои номатлубе фаро гирифтааст, ки ба зеҳну андешаи ҷавонон бетаъсир нест. Маълум аст, ки хатарноктарин зуҳуроти ҷомеаи муосир терроризму экстремизм аст ва онро вабои аср мехонанд.

Раванди ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастани ҷавонон дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон нишон медиҳад, ки насли нави ифротгароёни динӣ, хусусан, пайравони гурӯҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” роҳҳои наву пуртаъсири таблиѓу ташвиқи андешаҳои худро дар байни ҷавонон ба роҳ мондаанд. Маҳз ҳамин равиши таблиѓотии содаву таъсирнок ва истифодаи васеъ аз воситаҳои муосири иттилоотӣ, расонаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз омилҳои муваффақияти ин гурӯҳ ва ҷойгоҳи байналмилалӣ пайдо кардани он ба ҳисоб меравад.

Фикру ақидаҳои ифротгароӣ аз доираи тафаккур баромада, ба сатҳи таблиғот, талаботи катьӣ аз дигарон ва ба амалҳои тунд мегузарад. Дар ин маврид, шахси ифротгарои динӣ тарзи зиндагонии дигаронро ошкоро танқид карда, нисбат ба онҳо дар амал оштинопазирӣ нишон медиҳад ва ҳамфикрони худро ба муборизаи амалӣ ба муқобили фаҳмиш ва тарзи зиндагии дигарон даъват мекунад. Чунин ҳолат аллакай шакли радикалишудаи ифротгароии динӣ мебошад. Ифротгароёни динӣ барои расидан ба ҳадафҳои худ аз зӯроварию хушунат истифода мекунанд. Аз ин лиҳоз, дар зиндагии рӯзмарра фаҳмиш ва арзишҳои ифротгароён барои аъзои дигари ҷомеа қобили қабул нест. Ифротгароёни динӣ мекӯшанд, ки ҷомеа ва давлатро тарсонида, бо роҳи зурӣ инсонҳоро ба худ тобеъ карда, мақсадҳои худро ба ҷомеа таҳмил намоянд. Ҳамин тавр, ифротгароии динӣ аз марҳалаи радикализм ба марҳалаи терроризм мегузарад.

Ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Ифротгароии динӣ аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолияти бо дин руйпӯшкардашудае аст, ки барои зӯран ғасб намудани ҳокимият, халалдор кардани истиқлолият, якпорчагии давлат ва ба мақсади барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст.

Дар шароити ҳозира маводи паҳнкардаи душманони миллат нишон медиҳад, ки ҳадафи онҳо ба ҷуз барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни афроди миллат нест. Вагарна бо чӣ сабаб онҳо аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии ватан канорҷуӣ мекунанду монанди аксари шаҳрвандони мамлакат дар рушди кишвари худ саҳм намегузоранд, меҳнат ва эҷод намекунанд, дар паноҳи дигарон ҷой гирифта, аз каноре айбҷӯиву харобакориро пеша кардаанд. Дар зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти «гӯё динӣ» ҷавононро ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ даъват намуда, амалҳои бади худро «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» мегӯянд ва мехоҳанд, ки бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд. Яъне, нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.

Бино бар ин, моро зарур аст, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро на танҳо бо шиору гуфтор ситоишу парастиш кунем, балки онро бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарвою бемасъулият набошем ва дар таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносии миллӣ ва ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.

Яке аз масъалаҳои ҷиддии замони муосир, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор овардааст, суръатёбии раванди ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номалуб дар ҷомеа ба ҳисоб меравад ва амалан дар ҳамаи қитъаҳои ҷаҳон паҳн шуда истодааст. Аксари ин амалҳо зери шиорҳо ва арзишҳои динии бебунёд сурат мегирад.

Хусусияти асосии мавҳи муосири ифротгароии динӣ дар он аст, ки тарҳрезони ин гурӯҳҳо бо моҳияти ифротгарони динӣ хуб ошно буда, акнун онро силоҳи муборизаи сиёсӣ ва қудратӣ намудаанд. Ин ҳолат моҳияти масъаларо комилан дигар карда, ифротгароии диниро аз як «маводи хом» ба як нерӯи муташаккили сиёсию ҳарбӣ, ба як тӯфони харобиовари иҷтимоӣ ва ба як таҳдиди ҷиддии сиёсию амниятӣ мубаддал гардонидааст.

Таъсир ё самаранокии фаъолияти чунин гурӯҳҳо барои татбиқи ҳадафҳои хоҷагони хориҷии худ аз таъсири бомбаҳои атомӣ дида бузургтар аст.

Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки аслан, терроризму ифротгароӣ дар байни ҷомеа аз аввалин сабақомузии динӣ дар назди домуллоҳо ва нимчамуллоҳо маншаъ мегирад.

Хусусияти дигари ифротгароии динии муосир дар он аст, ки аксари кулли пайравонаш саводи мукаммали динӣ надоранд. Онҳо фақат бо як фаҳмиши маҳдуду зоҳирӣ аз ислом мусаллаҳ буда, аз ҷанбаҳои маънавию рӯҳонӣ ва аз фалсафаю паёмҳои инсонгароёнаи он, умуман, баҳраманд нестанд.

Хусусиятҳои ифротгароӣ ва афзудани шумораи одамони ба ин гурӯҳҳои номатлуб дохилшуда бо роҳи ҷалби пинҳонӣ ва тадриҷан тағйир додани тафаккуру эътиқоди онҳо, зери ниқоби афзалиятҳои динӣ зоҳир мегардад.

Намояндагони гурӯҳҳои ифротгароӣ, дар навбати аввал, бо ҷавононе кор мекунанд, ки таҷрибаи кофии рӯзгор надоранд, донишҳои дунявӣ ва диниашон паст буда, дар зиндагӣ бо мушкилоте, чун қашшоқӣ, бекорӣ, муҳоҷират ва монанди ин дучор шудаанд.

Бояд қайд кард, ки намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ва тундгаро дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз он ҷумла, дар Тоҷикистон ҷонибдорони худро пайдо карда, барои зиёд кардани тарафдорони худ кӯшиш карда истодаанд. Чуноне ки маълум аст ҳадафи асосии ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ таъсиси хилофати исломӣ дар минтақаи Шарқи наздик ва Осиёи Марказӣ мебошад. Инро дар мисоли воқеаҳои минтақаи Шарқи наздик аз қабили Афғонистон, Покистон, Сурия, Ироқ, Либия ва дигарҳо баръало дидан мумкин аст. Тибқи ақидаи диниву иртиҷоии ҳизбҳои ғайриқонунии тундгаро, бахусус, ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мақсади асосӣ таъсиси давлати исломӣ дар шакли хилофат ва инчунин, ҳокими ягонаи мусулмонон таъйин кардани халифа мебошад.

Ҷонибдорони ин равияи ифротӣ душманони ашаддии демократия ҳастанд. Онҳо зидди ҳама гуна ҳуқуқу озодиҳои инсон баромад намуда, озодии виҷдон, озодии дин ва мавҷудияти давлати қонуниро инкор мекунанд.

Бешубҳа, намояндагони ин равияҳо имрӯз домони фаъолияти худро васеъ намуда аз ҳисоби гурӯҳи муайяни ҷавонони ноогоҳ тарафдорон пайдо намуда, ба амнияти ҷомеа хатар ворид карда истодаанд. Мувофиқи маълумотҳо солҳои охир дар вилояти Суғд якчанд гурӯҳҳои ифротгароии динӣ аз тарафи мақомоти дахлдор дастгир карда шудаанд. Чунончӣ, дар шаҳри Панҷакент гурӯҳе дастгир карда шуд, ки онҳо баҳри ташкили хилофат фаъолият менамуданд. Ба ғайр аз ин, гурӯҳ якчанд ҷавонро барои ҷанг кардан дар сафи мухолифин ба давлати Сурия равон намуданд. Аз ноҳияи Спитамен низ якчанд нафар ҷавон дар сафи “бунёдгарони исломӣ” дар Сурия меҷанганд. Бояд қайд кард, ки равияҳои ифротгаро ва тундрави динӣ дар ҳудуди шаҳрҳои Исфара, Истаравшан, Хуҷанд, Панҷакент ва ноҳияи Спитамен ба таври пинҳонӣ ва ғайриқонунӣ фаъолият намуда, барои озодии шаҳрвандон ва амнияти давлат хатари ҷиддӣ ба вуҷуд меоранд.

Ба ақидаи муҳаққиқон Х.Холиқназар ва А.Раҳнамо тафаккури ифротӣ ва гурӯҳҳои ифротгарои динӣ якчанд хатарҳо дорад:

Хатари якум: Гурӯҳҳои ифротии динӣ мухолифи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зидди мавҷудияти давлати мустақили Тоҷикистон буда, расман нақша доранд, ки давлати моро аз байн баранд.

Хатари дуюм: Ифротгароии муосири динӣ бо сохти давлатдории мо ва бо тарзи зиндагии озодонаи мо моҳиятан мухолиф буда, онҳоро аз байн бурда, ба ҷойи он ба мо ѓуломию беҳуқуқиро таҳмил мекунад.

Хатари сеюм: Гурӯҳҳои ифротии динӣ бо асолати таърихӣ ва ҳувияти миллии тоҷикон шадидан мухолиф буда, онро бераҳмона аз байн мебаранд.

Хатари чорум: Гурӯҳҳои ифротии динӣ маърифат, адабиѐт ва фарҳанги миллии тоҷиконро маҳкум карда, онро аз байн мебаранд.

Хатари панҷум: Ифротгароёни динӣ ҳамаи мазҳабҳои исломӣ, аз ҷумла мазҳаби ҳанафиро нодуруст ва бидъат дониста, пайравони онро мусулмони ҳақиқӣ ҳисоб намекунанд. Ин мавқеи онҳо боиси сар задани буҳрони ҷиддии ақидатӣ дар ҷомеа мешавад, ки оқибатҳои вазнин дорад.

Хатари шашум: Гурӯҳҳои ифротгарои динии имрӯза нисбати мазҳабҳои гуногуни исломӣ назари ҷангҷӯёна ва такфирӣ дошта, ҳамзистии осоиштаи байнимазҳабиро дар кишварамон аз байн мебаранд. Ба ин восита онҳо ба ваҳдати миллӣ, суботу амният ва ҳатто мавҷудияти миллат ва давлати ягонаи Тоҷикистон хатар ба вуҷуд меоваранд.

Хатари ҳафтум: Ақидаи ифротӣ ва гурӯҳҳои ифротии динии муосир дар асл силоҳи муборизаи геополитикии қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ буда, дар сурати ба Тоҷикистон роҳ ёфтани ин гурӯҳҳо кишвари мо ба майдони муборизаҳои калони геополитикӣ табдил меёбад. Дар натиҷа на танҳо суботу амният, балки истиқлолияту мавҷудияти худи Тоҷикистон ба хатари воқеӣ рӯбарӯ мегардад.

Бояд қайд кард, ки ҷавонони имрӯзаи мо бояд тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳри илму дониш, созандагию ободкорӣ равона намоянд.

Аммо афсӯс, ки бархе аз ҷавонони мо имрӯзҳо аз кӯтоҳандешӣ ва надоштани саводи кофии диниву дунявӣ бо ҳар гуна ҳизбу равияҳои номатлуб дохил гардида, ба номи ҷавонии худ, нуфузу эътибори волидайн ва пеш аз ҳама ба унвонии Ҷумҳурии Тоҷикистон иснод меоранд. Бояд пеши роҳи чунин ҷавонон гирифита шуда, онҳо ба роҳи росту созанда ва ояндадор ҳидоят карда шаванд.

Қурбонзода Ф. Х, н.и.и., дотсент, мудири кафедраи фаъолияти бонкӣ,
Одинаев Ҳ. С, ассистенти кафедраи фаъолияти бонкӣ

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top