Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Роғун манбаи адонашавандаи нур аст, ки Тоҷикистонро дар оғӯши Шарқи куҳан ба ахтари ҳамеша тобон табдил хоҳад дод. Эмомалӣ Раҳмон.

Асосӣ Хабарҳои сиёсӣ Иқдоми муҳимми иҷтимоӣ

Иқдоми муҳимми иҷтимоӣ

Душманону ватанфурӯшони давлату миллати тоҷик ва баъзе гурӯҳҳои манфиатдор дар шароити босуръати ҷаҳонишавӣ ва рушди бесобиқаи технологияи муосир бо истифода аз интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ амалҳои бадхоҳоною муғризонаи худро, ки аз сухани беасос ва туҳмату буҳтон нисбат ба кору фаъолияти роҳбарони давлату миллат, сохторҳои мавҷуда ва фарзандони фарзонаи миллати тоҷик иборат аст, идома дода истодаанд. Онҳо ҳамеша саъю кӯшиш менамоянд, ки ба ҳар роҳу восита давлату миллати тоҷикро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ бадному сиёҳ карда, вазъияти сиёсию иҷтимоии Тоҷикистони соҳибистиқлолро ноорому пурташвиш гардонанд.

Масалан, душманону мухолифони давлату миллати тоҷик ва баъзе гурӯҳҳои манфиатдор бо баҳонаи болоравии нархи интернет ва хизматрасонии ширкатҳои мобилӣ мехоҳанд, ки дар тафаккури ҷавонон нобоварию норозигиро нисбат ба давлату ҳукумат ба вуҷуд оваранд. Ин гурӯҳҳо ҷавононро барои гирдиҳамоӣ дар шаҳри Душанбе даъват намуда истодаанд. Аммо мо боварии комил дорем, ки тири душманони миллат дар мавриди суистифода аз нерӯи ҷавонон хок мехӯрад ва онҳо ҳаргиз дар кишвари биҳиштосои мо ба мақсади нопоки худ намерасанд.

Имрӯз ҷавонони тоҷик дигар он ҷавонони солҳои 90-уми асри XX нестанд ва онҳо кунун аз вазъи сиёсию иқтисодии кишвар ва кулли ҷаҳон огоҳии комил дошта, фирефтаи макру найранги мухолифону ватанфурӯшони давлату миллати тоҷик намегарданд ва сиёсати созандаю бунёдкорона ва муваффақонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати кишвар ва корҳои ободкорию хуррамгардонии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро, ки худ ҷавон аст ва ҳамеша ҷавононро кумаку дастгирӣ мекунад, комилан ҷонибдорӣ менамоянд.

Роҳбарияти олии кишвар ҳамеша доир ба масоили иҷтимоӣ, некӯҳолии мардум ва хосса, ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва далели муътамади ин андеша рушди босуръати соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, корҳои ободонию бунёдкорӣ дар саросари мамлакат ва, хусусан, дар шаҳри Душанбе мебошад. Ҳамаи ин дастоварду муваффақиятҳо дар самти рушди устувори кишвар натиҷаи саъю кӯшиши пайвастаи роҳбарияти олии мамалакат буда, аз ҷониби мардуми тоҷик ва, хусусан, ҷавонони он қадр карда мешавад.

Дар шароити рӯз аз рӯз беҳтар гардидани зисту зиндагии мардуми тоҷик ва ободу зебо гардидани деҳу шаҳрҳои мамлакат лофу газоф, макру найранг ва туҳмату буҳтони мухолифону ватанфурӯшони давлату миллати тоҷик дар ҷомеаи имрӯзаи мо ягон нақшу асаре надорад ва ин амал ба қавли халқ “ба ҳован об кӯбидан”-ро мемонад. Гурӯҳҳои манфиатдор ин гуна амалҳои душманонаро бо истифода аз боло рафтани нархи интернет ва хидматрасонии ширкатҳои мобилӣ дар мавриди ба гирдиҳамоӣ хондани ҷавонон дар шаҳри Душанбе анҷом додан мехостанд, ки ин боз як бори дигар қасду нияти бад ва чеҳраи нопоки онҳоро ба мардуми тоҷик ошкор намуд.

Дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нархи интернет ва хизматрасонии ширкатҳои мобилӣ ба ҳолати пешина баргардонида шуд ва роҳбарону масъулоне, ки дар натиҷаи бемасъулиятӣ боиси баланд гардидани нархи ин гуна хизматрасонӣ шудаанд, ҷазои сазовор гирифтанд.

Мардуми шарифи тоҷик ва, бавежа, ҷавонони кишвар аз ин супориши муҳимму саривақтии роҳбари олии кишвар огоҳ гардида, онро ҳамчун як иқдоми ҷиддӣ дар масъалаи иҷтимоӣ хуш истиқбол намуданд.

Бино бар ин, бо боварии пурра метавон гуфт, ки даъвати гурӯҳҳои манфиатдор аз ҷавонони кишвар дар мавриди ташкил кардани гирдиҳамоӣ ба баҳонаи боло рафтани нархи интернет ва хизматрасонии шабакаҳои мобилӣ аз ҷониби ягон қишри ҷомеаи мо ва, махсусан, ҷавонон дастгирӣ карда намешавад.

Имрӯз вазъи сиёсию иқтисодӣ дар кишвари мо комилан орому муътадил аст ва мардуми сарфарозу фарҳангсолори тоҷик шукри сиёсати хирадмандонаи роҳбари давлат, сулҳу оромии ҷомеа, озодию истиқлолияти миллату меҳан ва ободии кишвари маҳбубро менамояд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳои сиёсӣ Иқдоми муҳимми иҷтимоӣ