Ташаббуси инсондӯстона

Печать

Дар асоси дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаби 30-юми апрели соли 2019 84 - нафар кӯдаку навраси тоҷик аз кишвари Ироқ ба шаҳри Душанбе оварда шуданд, ки падару модари он бар асари гумроҳӣ ба саффи гурӯҳҳои ба ном “Давлати исломӣ” дохил шуда, зану фарзанди худро ба Ироқу Сурия бурда буданд ва онҳо дар натиҷаи амалиёти зидди гурӯҳҳои террористию ифротгароӣ кушта шуданд.

Ба Ватан баргардонидани кӯдакону наврасони тоҷик аз сарзамини ҷангзадаю ноороми Ироқ далели инсондӯстию ватандӯстӣ ва ғамхорию шафқати беандозаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба шаҳрвандони кишвар мебошад.

Масъулони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар масъалаи ба Ватан баргардонидани кӯдакону наврасони тоҷик ба намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ироқ ва намояндагони ЮНИСЕФ дар Ироқ изҳори сипосу ризоият намуданд.

Аз ин ташаббуси инсондӯстонаи сарвари давлати тоҷикон дар мавриди ба Ватан баргардонидани кӯдакону наврасони тоҷик ҳар як шаҳрванди кишвар бисёр ҳам хушнуду хурсанд гардид.

Ин далели соҳиби қалби бузург, ҷавонмардӣ, ҳиммати олӣ, мушфиқу меҳрубон ва инсондӯст будани сарвари давлати мост.

Ҳоло ҳам дар Ироқ занону кӯдакон ва наврасони тоҷик ҳастанд ва дар масъалаи пурра ба Ватан баргардонидани онҳо намояндагону масъулони ниҳодҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста саъю кӯшиш ва кор карда истодаанд ва умеду боварии комил ҳаст, ки ин масъалаи муҳим дар муҳлати наздиктарин ҳалли пурраи худро меёбад.

Аммо, мутаассифона, бадхоҳону ватанфурӯшон ва ҳатто рӯзноманигорони радиои “Озодӣ” ин гуна ташаббусу корҳои наҷибу инсондӯстона, рушди босуръати соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳанги кишвар, бунёди Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ва дигар амалу иқдоми созандаю бунёдкоронаи роҳбарияти олии кишвар ва мардуми шарифи тоҷикро аз рӯи бухлу ҳасад ва ҷаҳлу бадхоҳӣ дида наметавонанд ва пайваста дар пайи айбҷӯии давлату ҳукумат ва халқи Тоҷикистон ҳастанд. Агар андешаю пиндор ва ниҳоду сиришти одам баду нопок бошад, ӯ ба муҳити атроф, кору рӯзгори мардум ва ба зиндагӣ нигоҳу нигариши баду манфӣ мекунад ва ба қавли мардум “аз таги нохун чирк мекобад”. Оре, бадхоҳону ватанфурӯшон чунин андешаю сиришти нопок доранд ва кори онҳо пайваста айбҷӯӣ аст. Дар ин масъала бузургони олами маонӣ фармудаанд:

Айби худ аблаҳ набинад дар ҷаҳон,
Бошад ӯ дар ҷустани айби касон.

Мо ба ҳамаи он бадхоҳону ватанфурӯшоне, ки ба сӯи давлату миллати тоҷик санги маломат меандозанд, муроҷиат карда мегӯем, ки чунин амали ноодилонаю муғризона чеҳраи нопоку қалби сиёҳи Шуморо ба мардуми тоҷик ва ҷомеаи ҷаҳонӣ боз як бори дигар ошкор менамояд ва ҳар яки Шуморо модари тоҷик ва миллати тоҷик ҳаргиз намебахшад. Оре, ҳар касеро, ки модар набахшояд, эътимоду бовариро нашояд. Сайидои Насафӣ дар ҳаққи ин гуна мардум фармудааст:

Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр, 
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.

Шуъбаи робита бо ҷомеа