Муборизаи оштинопазир

Боиси таассуф аст, ки дар солҳои охир гурӯҳҳо, ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ фаъолияти худро дар кишварҳои гуногуни олам пурзур намуда, бар сари мардуми бегуноҳ фалокати бисёр оварданд. Дар натиҷаи фаъолияти тахрибкории онҳо одамони зиёд қурбонӣ гашта, қисме аз ватан беватан аз хешу ақрабо ҷудо ва ба вазъи пасти иқтисодӣ рӯ ба рӯ гаштаанд.

Бояд афзуд, ки фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятпешаи ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ аз ҷониби бархе аз ниҳодҳо, шахсони алоҳида ва ташкилотҳо маблағгузорӣ мегаштааст, ки он аз духӯрагии сиёсат дар ин самт шаҳодат медиҳад.

Аз ин лиҳоз метавон гуфт, ки бар асари истифодаи қувва ва зӯрӣ дар равобити байналмилалӣ, дар ҳифзи манфиатҳои хеш рӯбарӯ омадани қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, зери фишори нерӯву унсурҳои бегона амалан аз байн рафтани низоми давлатдории як силсила кишварҳо ва вусъати торафт афзояндаи терроризму экстремизм вазъи ҳуқуқи байналмилалӣ хеле заиф шуда, истиқлолияти давлатҳои миллӣ осебпазир гардидааст.

Намуна ва пайомадҳои чунин вазъро мо дар мисоли Сурия, Ироқ, Либия, Яман ва Афғонистон мебинем.

Ислоҳи ин вазъ таҳкими пойгоҳи ҳуқуқи мубориза бо терроризм ва экстремизм, аз ҷумла дар санадҳои байналмилалӣ муқаррар намудани муҷозоти кишварҳои ба терроризм мусоидаткунанда, роҳандозӣ намудани тафтиши байналмилалии зуҳуроти терроризм ва дар муҳокимаи Суди байналмилалӣ қарор додани роҳбарони сиёсӣ ва ҳарбӣ, фондҳои ба ном хайрия, соҳибкорон ва дигар ашхоси ба терроризм мусоидаткунандаро тақозо менамояд.Таъсири ин фирефтаги буд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар Сурия ва Ироқ ба ҳалокат расида, оилахояшон бе саробон, фарзандошон ятиму ғулом монданд.

Хушбахтона, бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 84-нафар ноболиғон аз кишвари Ироқи ҷангзада ба ватан баргардонда шуда, ки ин мояи ифтихори шаҳрвандони мо гаштааст.

Дар доираи тақвияти мубориза бо терроризм ва экстремизм бояд номгӯи субъектҳои бо онҳо муборизабаранда васеъ ва дақиқ гардида, дар баробари ин ҷавобгарӣ ва ҷазо барои содир намудани ҷиноят ба муқобили сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат, ҷиноятҳои хусусияти террористиву экстремистидошта ва хиёнат ба Ватан, шарикӣ дар чунин ҷиноятҳо, аз ҷумла, нисбат ба ташкилкунандагон ва шахсони ба онҳо мусоидаткунанда пурзӯр карда шавад.

Яке аз воситаҳои ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, ворид шудани ҷавонон дар давраи муосир ин тавассути шабакаи интернет ба психологияи онҳо таъсир расонидани ин гурӯҳҳо мебошад.

Аз ин рӯ, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани муқовимат ба истифодаи шабакаи интернет бо мақсадҳои экстремистӣ ва террористӣ мақомоти дахлдор бояд, ки доир ба масъалаи мубориза бар зидди ҷиноятҳо бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва кибертерроризм корро ҷоннок кунонанд.

Суботу оромии Тоҷикистон, устувории ҷойгохи Тоҷикистон ва амнияти марзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар шаҳрванд арзиши бузург дорад. Мо бояд шукронаи ин давлати обод кунем ва камари ҳиммат бандем баҳри осоиштагӣ ва гулгулшукуфои Тоҷикистони азиз!

Мудири шуъбаи тарбия ва корҳои ташкилӣ Ашӯров С .М.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top