Заминаҳои иҷтимоии пайдоиши терроризм дар асрҳои XX – XXI

Печать

Дар ҳақиқат миллати куҳанбунёди тоҷик аз саодати бузурге бархӯрдор гардидааст. Зеро он соҳиби давлати мустақиллу демократӣ ва ҳуқуқбунёд гардид. Имрӯзҳо миллати сарбаланди тоҷик дар сулҳу ваҳдат ва амнияти комил умр ба сар мебарад. Миллати тоҷик хушбахт аст, ки амнияти он таъмин карда шудааст. Агар ба саҳифаҳои таърих нигарем, шоҳиди он мегардем, ки баъзе халқу миллатҳо садсолаҳо барои ба дастовардани истиқлолият мубориза мебаранд, аммо ба он муваффақ намешаванд. Муборизаи дурударози халқҳои курду уйғур мисоли равшан ва тасдиқи гуфтаҳои боло мебошанд.
Танҳо дар ҳолати дарк ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ давлатҳо метавонанд ҳамчун субъектони мустақил боқӣ монанд. Тавре аз таҷрибаи таърихии баъзе давлатҳо бар меояд, азбайнравии муттаҳидӣ ва дарк накардани арзишҳои миллӣ, метавонад заминаи парокандагии миллатҳо ва халқиятҳоро фароҳам созад ва давлатро ба нестӣ орад. Мисдоқи ин гуфтаҳо давлатҳои Ироқ, Сурия, Ливия ва Яман шуда метавонад.
Солҳои 50 – 60 уми асри гузашта намояндагони экстримизми исломиро аз рӯйи ақидашон ба ду гурӯҳи калон тақсим кардаанд, яъне: фундаменталистони эътидолӣ ва ифротӣ (экстремистӣ). Пайдоиши экстремизми исломиро ба номи Сайид Қутб алоқаманд медонанд. Ӯ баъзе ақидаҳои Абул Ало Маудидиро бо идеяҳои Ҳасан ал- Банно омезиш дода, назарияи нави худро ба вуҷуд овард, ки асоси онро ба бехудоӣ гунаҳкор кардани онҳое, ки худро мусалмон меҳисобанд ва баҳо додан ба тамоми ҷомеаҳои муосир ҳамчун ҷомеаи ғайри исломӣ асос ёфтааст. Соли 1965 баъди хуруҷҳои ихвониҳо Сайид Қутб бори дигар ба ҳабс гирифта шуда, соли 1966 ба дор овехта шуд. Асосан ҳаракати «Ихвон ул- муслимин» аз тарафи муаллими мактаби ибтидоӣ Ҳасан ал- Банно соли 1928 дар шаҳри Исмоилияи Миср таъсис дода шуд, ки хусусияти фарҳангӣ – маърифатӣ дошт. Асосан Ҳасан ал-Банно тарафдори бо роҳи осоишта гирифтани ҳокимияти сиёсӣ буд, на бо роҳи зӯроварӣ, яъне бо роҳи таблиғ. Нуқтаҳои асосии назарияи эьтидолии ӯ дар асарҳояш «Мо чи мегӯем?» оварда шудааст, ки бори дигар ифротӣ набудани ӯро нишон медиҳад. Баъдтар чӣ идеяҳои Ҳасан ал-Банно ва чӣ Сайид Қутб асоси идеявии идеологияи ташкилот ва аҳзоби гуногуни ҳаракати исломӣ шуд.
Сарчашмаҳои идеявии экстремизми исломӣ
Агар ба сарчашмаҳои идеявии экстремизми муосири исломӣ назар кунем, онгоҳ мебинем, ки он дар асоси идеяҳои гуногуни мутафаккирони ислом, ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ зиндагӣ кардаанд ба вуҷуд омадааст. Решаҳои экстремизми исломӣ ба асри 1-уми аҳди ислом рост меояд, ки бесабаб гузаштагони онро «хориҷиҳо» номгузорӣ накардаанд. Хориҷиҳо (Ҳаруриён – деҳаи Ҳарура дар шаҳри Куфа) соли 657 аз таркиби қушунҳои халифаи чорум Алӣ ибни Абутолиб ҷудо шуда, натанҳо ба муқобили халифаҳои Умавӣ мубориза бурдаанд, балки ба муқобили Алӣ низ муборизаро давом доданд. (Аз хориҷиҳо экстремизми муосири исломӣ ақидаи он ки «Мусалмонро аз рӯйи амалаш бояд баҳо дод», гирифтаанд. Ҳоло он ки исломӣ ростӣ на амал, балки ниятро ба асос мегирад. Ҳатто экстремизми муосири исломиро хориҷиҳо низ ном мебаранд, ки ба беисломӣ айбдор кардани онҳо аст. Барои мисол асари Абдуссалом Фародҷа «ал-Фариза ал - ғоиба», (қарзи фаромӯшшуда, ки роҳбари гурӯҳи «ал – Ҷиҳод» аст, оварда мешавад. Инчунин гурӯҳи «ат-Такфир вал- ҳиҷра» , ки роҳбараш Аҳмад Шухрӣ Мустафо мебошад. Ҳамчунин ифротгароии муосири исломӣ аз хориҷиҳо ақидаро дар бораи «нест кардани роҳбаре, ки хилофи ислом аст, гирифтаанд ва ҳукмро (ҳакамият) танҳо ҳукми Худо медонанд, на ҳукми халифагону амирон ва ғайра… Ин гурӯҳ дар замони хилофати Алӣ ибн Абутолиб, на ҳукми ӯро қабул доштанд ва на ҳукми Муовия ибни Абусуфёнро. Ба ин тартиб, ин гурӯҳ дар он марҳилаи таърихӣ нақшаи қатли сарварони мусалмононро кашиданд, ки сабаби кушта шудани халифаи чорум ва захмӣ шудани Муовия ибни Абусуфён гардид.
Яке аз сарчашмаҳои идеявии идеологияи экстремизми муосири исломӣ ин ақидаҳои Тақи ад- Дин ибн Таймия – илоҳиётшиноси ибтидои асри чаҳордаҳ мебошад. Ӯ аз ақидаи ал – ғанавӣ дар бораи мусалмони ҳақ будан дур рафта, онҳоеро ки дар асоси шариат зиндагӣ намекунанд номусалмон шуморид, гарчанде ки калимаи шаҳодатро ба забон биёранд ва панҷ маротиба намоз хонанд. Чунин шакл гирифтани ақидаи ӯ дар асоси тарзи зиндагии муғулҳо, ки дар асри X111 мазҳаби султон Исмоилро қабул карда, бо қоидаҳои дар вақташ ҷорӣ кардаи Чингизхон мезистанд, на ин ки дар асоси шариати исломӣ, Ибн Таймия ингуна дар бораи роҳбаре, ки талаботҳои исломиро иҷро намекунад, худ кофир аст ва ба муқобили он ҷиҳод кард. Ақидаҳои ибни Таймияро асосгузори мазҳаби ҳанбалия Ибн Ҳанбала давом дода, дараҷаи такфирии роҳбарони давлатро паст фаровардааст.
Сарчашмаи дигари идеявие, ки боиси ташаккули идеологияи экстремизми исломии муосир гашт ин ваҳҳобизм аст. Асосгузори таълимоти ваҳҳобизм дар асри XV111, дар нимҷазираи Арабистон Муҳаммад ибн Абдулваҳҳоб аст. Ӯ асосан иҷроиши сахти принсипҳои тавҳидиро (яккахудоӣ) нишон дода, ба муқобили ҳамагуна навовариҳо дар ислом баромад мекунад. Ваҳҳобизм дар ислом ба муқобили ҳамагуна парастиши ҷойҳои муқаддас баромада, онро як шакли бисёрхудоӣ меҳисобад. Экстремизми исломӣ аз ваҳҳобизм, ақидаи навовариро дар ислом қабул накардан, гирифтаанд.
Албатта дар пайдоиш ва ташаккули идеологияи экстремизми муосири исломӣ нақши асосӣ, муҳим ва ҳалкунандаро ақидаҳои Ҳасан ал- Банно асосгузори ҳаракати «Ихвон ул- муслимин», ва идеологи машҳури он Сайид Қутб бозидааст. Асоси динӣ – сиёсии идеологияи экстремизми муосири исломӣ ин Қуръон, суннат ва шариат мебошад, ки дар асоси бардошти нодуруст аз сарчашмаҳои зикргардида ва дигар сарчашмаҳо иқтибос ва натиҷагириҳои ғайри воқеӣ ва аз ҳақиқат дур пешниҳод менамоянд. Заминаҳои идеологии ин гуна равияҳои экстремистӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо мехоҳанд ба асосҳо ва фундаменти исломи ибтидоӣ баргарданд. Дар ҳамин асос идеали иҷтимоии онҳо ин бунёди “ҷомеаи исломӣ” аст, ки дар асоси давлати исломӣ ба амал меояд. Бунёди ҷомеаи исломиро онҳо аз танқиди низомҳои гуногуни муосири ҷамъиятӣ оғоз мекунанд. Барои характери исломӣ доштан ва ё надоштани низомҳои иҷтимоӣ – сиёсӣ онҳо аз принсипи “такфир” истифода карда, ҳамагуна низомҳои муосирро ғайриисломӣ (дор ул- ҳарб) меҳисобанд ва дар ҳамин асос стратегия ва тактикаи муборизаи худро месозанд.

Хулоса, назария ва амалияи экстремизми муосири исломӣ ин як шакли утопияи (хаёли) иҷтимоӣ буда, хусусияти агресивӣ дорад. Он бо амали зӯроварӣ ва бисёр вақт характери террористӣ дошта, асос ёфтааст. Амалияи экстремизми муосири исломӣ ба сӯйи вайронкорӣ нигаронида шудааст, на созандагӣ. Ба ин восита онҳо мехоҳанд, ки дар заминаи нав ҷомеаи идеалии худ, яъне ҷомеаи исломиро, ки дар асоси бунёди давлати исломӣ сурат мегиранд, созанд.

Ташаккулёбии ДИИШ дар Ироқ ва Сурия

Шумори террористони мусаллаҳ дар Ироқ ва Сурия ҳудуди чиҳил ҳазор нафар тахминзада шудааст, ки дар авҷи қудрат тавоноист бар деҳот шаҳрҳои бузург ва нимабузург дар Ироқ ва Сурия тасаллут ёфтанд, ки дар маҷмӯъ масоҳати болиғ бар 310 ҳазор километри мураббаъро шомил мешуд.

Пас aз набардҳои шадид ва сангине, ки 43 моҳ то соли 2017 дар Ироқ идома дошт ва муборизаи мазкур бар зидди терроризм идома дорад. Бо баҳрагирӣ аз ҳимоятҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, нерӯҳои амниятӣ ва низомии Ироқ бар тамоми минтақаҳо ва нуқтаҳое, ки солҳо дар зери тасарруфи ДИИШ буд ва онро ба даст гирифтаанд. Аммо ҳикояти ДИИШ бо ишғоли шаҳру минтақаҳо дар Ироқ оғоз нашуда буд, балки ибтидои он ба солҳои пеш аз он вобаста аст.

Созмонёбӣ ва чигунагӣ ташаккули гурӯҳи террористии ДИИШ

Решаҳои гурӯҳи террористии ДИИШ ба гурӯҳе ба номи « Ат – тавҳид ва – ал – ҷиҳод» боз мегардад, ки пас аз ҳамлаи низомии Амрико ба Ироқ дар соли 2003 Абӯмусъаби Зарқовии урдунӣ онро дар ин кишвар таьсис кард. Пас аз шаш моҳ дар феврали соли 2004 номи он ба «Қоидат – ул –ҷиҳод фи билод –ир – рофидин», (Қоидаи ҷиҳод дар давлатҳои мушрикон, ки инро яке аз шохаҳои гурӯҳи Алқоида медонанд) тағйири ном кард ва бо ҷамоате ба номи «Маҷлису шура –ал- муҷоҳидин» илова карда мешуд, ки ҳудуди 10 гурӯҳи шибҳи низомии маҳаллии ироқиро дар бар мегирифт. Гурӯҳҳое, ки ҳадафи худро мубориза бо ҳузури низомии Амрико дар Ироқ эълом карда буданд.

Аммо Маҷлису шура –ал- муҷоҳидин бо сабаби ихтилофоти идеологӣ ва сохтории гурӯҳҳои ташкилдиҳандаи ин маҷлис бо гурӯҳи Алқоида бо раҳбарии Абӯмусъаби Зарқовӣ аз байн рафта, зиддиятҳое, ки баъдҳо ба задухӯрди мусаллаҳона ва амалиётҳои террористӣ ба муқобили ҳамдигар анҷомид.

Дар соли 2006 «Аҳмад –ул- Халоила», маъруф ба Абӯмусъаби Зарқовӣ бо Усома бин Лодан, роҳбари вақти созмони Алқоида шохаи модар дар филме, ки аз вай дар биёбонҳои «Ал –анбор», дар ғарби Ироқ гирифта шуда буд, байъат кард (аҳду паймон баст), то гурӯҳи вай ба таври расмӣ ба «Созмони Алқоида дар Ироқ» номашро тағйир диҳад.

Зарқовӣ дар ҳамон соли 2006 дар яке аз ҳамлаҳои ҳавоии ҷангандаҳои амрикоӣ дар вилояти Диёлӣ дар шарқи Ироқ кушта мешавад, то «Абӯҳамза ал- Муҳоҷир» ба унвон роҳбари нави Алқоида дар Ироқ ҷонишини ӯ шавад. Касе, ки пас аз байъати роҳбарони асосии «Алқоида» бо он ташкили «Давлати исломии Ироқ» - ро эълом кард.

Давлати исломии Ироқ созмонёфта аз чандин гурӯҳи мусаллаҳ аз ҷумла «Алқоида», «ҷамоати парчамҳои сиёҳ» , «Катибаҳои Умар» ва ғайра буд. Аммо гурӯҳҳои шибҳи низомии маҳаллие, ки ба муқобили Амрико мубориза мекарданд. Аз пайвастан ба Давлати исломӣ саркашӣ карданд ва ин омили дубора сарзадани муборизаҳои мусаллаҳона байни ду тараф шуд.

Рӯзи 19 апрели соли 2010 низомиёни амрикоӣ «Абӯ Умар ал – Бағдодӣ» ва «Абӯҳамза ал –Муҳоҷирро» - ро аз байн бурданд. Чанд рӯзе баъд эълом шуд, «Абӯбакр ал – Бағдодӣ» ба унвони амири гурӯҳи Давлати исломии Ироқ интихоб шудааст.

Абӯбакр ал –Бағдодӣ муваффақ шуд, бар дигар гурӯҳҳои мусаллаҳ ва шибҳи низомиён пирӯз ояд ва муваффақияти бузургро ба даст орад. Ӯ ҳамчунин амалиёти бузург ва калоне дар Ироқ анҷом дод, ки баъзе аз шаҳрҳои Ироқ аз контроли амрикоиҳо ба дасти ДИИ афтод.

Пас аз оғози нооромиҳо дар Сурия Абӯбакр ал –Бағдодӣ бо ҳамроҳи садҳо нафар аз дастаҳои худ ба Сурия юриш бурданд.

Бағдодӣ дар Сурия ин имконро ёфт, то садҳо суриягиро ҷазби гурӯҳи худ кунад ва пас аз густариши нооромиҳои Сурия ва муборизаҳои давлатҳои минтақа ва абарқудратҳо зӯрозмоӣ дар ин кишвар, то ханӯз ҳам идома дорад. Террористон пеш аз ин ки шаҳри Риққаро ба таври комил дар соли 2013 ба тасарруфи худ дароваранд. Дар ҳамин замон аз ҷониби ин гурӯҳакҳои террористӣ ташкили Давлати исломии Ироқу Шомот эълом шуд. Дар моҳи июни соли 2014 бошад ин гурӯҳ номи худро ба «Хилофати исломӣ» тағйир дод ва Абӯбакр ал – Бағдодӣ ба унвони «халифаи муслимин» мансуб шуд. Бошандагони минтақаҳои зери тасарруфи ин гурӯҳ дар Ироқ ва Сурия водор ба байъат (паймон бастан бо он) шуданд.

Охирин таҷовуз

Фалуҷа дар 60 километрии ғарби Бағдод аввалин шаҳри Ироқ буд, ки ДИИШ онро ба таври комил ишғол кард ва дар 10-уми июни соли 2014 низ бар шаҳри Мусел дар шимоли Ироқ мусаллат шуд ва бо суръат дар шаҳрҳои дигари ин давлат густариш ёфт ва ба он минтақаҳо қудрати худро таҳмил мекард. Ҳамзамон гурӯҳҳои террористии ДИИШ ба самти вилояти Каркук дар шимоли Ироқ пешравӣ карда ва 12 июн, яъне ду рӯз пас аз ишғоли шаҳри Мусел шаҳрҳои дигари Ироқ Каркук ва вилояти Салоҳ –уд- динро дар ин қисмат аз Ироқ забт карданд. Сабаб ва омили ишғол кардани шимоли ин кишвар дар он буд, ки дар ин минтақа сунниҳо мезистанд ва онҳо дар аввалиндараҷа метавонистанд ба ҳамроҳшавӣ ва барпо намудани давлати исломӣ мусоидат намоянд.

Дар идома ДИИШ, ҳамзамон бо шикасти нерӯҳҳои ироқӣ ва парокандагардии онҳо пешравӣ ба самти Бағдод яъне, пойтахти Ироқро идома дод, аммо бо далелҳои номаълум аз пешравӣ бозистод ва ин ба нерӯҳҳои ироқӣ иҷозат дод, то барои ҷилавгирӣ кардани пешравиҳои ДИИШ чораҳо андешида, камарбанде атрофи Бағдод эҷод кунанд. Бо ақибнишинии бузург ва дастаҷамъонаи нерӯҳҳои ироқие, ки муқобили ДИИШ меҷангиданд, муфтии калони Ироқ Алии Систонӣ дар таърихи 13 июни соли 2016 фатвои «ал – ҷиҳод –ул- кафоӣ»-ро содир кард. Дар пайи ин фатво нерӯи мардумии Ироқ ба номи «Ал –ҳашд –уш –шаъбӣ» (нерӯҳои гирдовардашуда) таъсис шуд ва бо ташкили он тамоми гурӯҳҳои мардумӣ аз ҷумла «Артиши ироқ», «Нерӯҳои пешмарг» ва «Муборизони ашоири Ироқ» ҷамъ омаданд ва ба мубориза бо ДИИШ пардохтанд.

Дар моҳи майи соли 2014 нерӯҳои ироқӣ бо пуштибонии нерӯҳои мардумӣ ва гарнизони нерӯҳои ҳавоии Ироқ ва ширкати нерӯҳои ҳавоии эътилофи байналмилалӣ бо роҳбарии Америка амалиёти бозпасгирии минтақаҳои таҳти тасарруфи ДИИШ дар Ироқро оғоз карданд. Ҳаминтавр рӯз ба рӯз минтақаҳои ишғолкардаи ДИИШ яке пас аз дигарӣ озод карда шуданд.

Хисоратҳои сангини Ироқ

Кишвари Ироқ тайи набардҳои ахираш аз ҳамлаи низомии Амрико гирифта, то набард бо ДИИШ шоҳиди ҳодисаҳои зиёди башарӣ буд. ДИИШ бар 49% аз масоҳати Ироқ шомили шаҳрҳое дар вилояти Ал-анбор, Салоҳуддин, Найнаво, Диёлӣ, Каркук, шимоли Бобул ва камарбанди Бағдод истило ёфта буд ва ин минтақаҳо бори сангини ин ишғолгариро мекашид. Бар асоси иттилооти дафтари Шӯрои вазирони Ироқ ва се созмону органҳои маҳалливу аврупоӣ, маҷмӯи хисоратҳои ҷонии воридшуда, ба Ироқ аз замони ҳамлаи ДИИШ ба ин кишвар дар июни соли 2014 то охири соли 2017, 230 ҳазор ғайри низомӣ ва 71 ҳазор нерӯи низомӣ вобаста ба нерӯҳои Ал – ҳашад –уш-шаъбӣ, артиши Ироқ, нерӯҳои пешмарг, муборизони ашоири (қабилаҳо) Ироқ куштаву захмӣ шуданд. Дар ин росто, 20 ҳазор ғайри низомӣ нопадид ва 60 ҳазор рабудашуда ё худ боздошт шудаанд. Ҳамчунин 5,6 миллион шаҳрвандони Ироқ ба давлатҳои Туркия, Урдун, Миср, Лубнон, Сурия ва дигар кишварҳои аврупоӣ овора шудаанд.

Ба иловаи ин, нақзи ҳуқуқи башар алайҳи шаҳрвандони ироқӣ ба дасти ДИИШ ва шуморе аз гурӯҳҳои шибҳи низомии сабтшудае, ки бадтарини онҳо асорати ҳазорон зани эзадӣ ва фурӯши онҳо ба унвони каниз дар бозорҳои бардадорӣ ва тасарруфи амлоки масеҳиён дар шимоли Ироқ аз ҷониби онҳо дида мешавад.

Саранҷом, ин ки тахмин зада мешавад, хисороти молии воридшуда бар мамлакати Ироқ беш аз 100 миллиард доллар ва будҷаи ихтисосёфта аз сӯйи давлати Ироқ барои мубориза бо ДИИШ дар тӯли ин солҳо болиғ бар 71 миллиард доллар бароварда мешавад.

Номзади илми фалсафа, дотсент Шарипов М.,
муаллими калон Бойназаров Э., устодони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон