Падидаи фоҷеабори глобалӣ

Иқдомҳои муҳимму арзандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти муқовимат бар зидди падидаи терроризм ва ифротгароӣ мавқеъ ва нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ бисёр баланд намудааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 1999 доир ба масъалаи муқовимати фарогир бар зидди терроризм ва ифротгароӣ як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул карда шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 – уми ноябри соли 1999 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо терроризм» имзо гузошт. 21 - уми ноябри соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо экстремизм» ба тасвиб расид . Қабули ин ду қонун барои Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои фарохеро дар таҳкими мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ ба вуҷуд овард. Ин масъала дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин зикр гардидааст: «Ман чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда будам, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд».

Ҳамин тавр, кӯшишҳои созмондеҳони терроризм барои мустаҳкам кардани мавқеи ҷонибдоронаш дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус, Ҷумҳурии Тоҷикистон, натиҷа надоданд. Сабабҳои муваффақияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар амри муқовимат бар зидди терроризм ва ифротгароӣ метавон чунин шарҳ дод:

- ҷомеаи ҷаҳонӣ муборизаи сахту беамони Ҳукумати Тоҷикистонро бар зидди терроризм ва ифротгароӣ ҳамаҷониба тарафдорӣ намуд;

- таъсиси сохтори зиддитеррористӣ дар чаҳорчӯбаи Созмони ҳамкории Шанхай дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар соли 2004 ба Тоҷикистон имкон дод, ки муборизаро бар зидди терроризм ва ифротгароӣ боз ҳам пурқувват намояд;

- Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми конвенсияҳои зиддитеррористиро, ки дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории Шанхай қабул гардида буданд, мавриди таъйид ва тасдиқ қарор дод;

- Тоҷикистон, ки дар байни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай дар ҷабҳаи аввали мубориза бар зидди терроризм ва ифротгарии динӣ қарор дорад ва дар асл амнияти тамоми кишварҳои узви ин созмонҳоро таъмин намуда, дар роҳи пешгирии тавсеаи терроризм ва ифротгароии динӣ дар ҳудуди онҳо ҳамчун сипар истодааст.

Бо мақсади аз ҷиҳати ҳуқуқӣ асоснок кардани мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи мубориза ба муқобили терроризм ва зуҳуроти дигари экстремизм барои солхои 2006 – 2010” ва “ Консепсияи ягонаи Ҷумхурии Тоҷикистон оид ба мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм” роҳандозӣ карда шудааст.

Мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароии динӣ ба вуҷуд овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. “Истифодаи «сиёсати дугона» нисбат ба терроризм ва ифротгароии динӣ самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад».

Имрӯз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Он дар минтақаҳои том ва, умуман, дар ҷаҳон паҳн гардидааст, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд.Дар ин росто, вусъат бахшидани мубориза ва роҳандозӣ намудани корҳои тарғиботии идеологӣ барои фош намудани ҳадафҳои фоҷеабори гурӯҳҳои тундрав яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мо мебошад.

Бо ибтикори бевоситаи Сарвари давлат соли 2015 дар шаҳри Душанбе доир гардидани конференсияи бонуфузи байналмилалии «Ислом - зидди экстремизм ва терроризми динӣ», ки бо ширкати беш аз 30 намояндаи кишварҳои дунё баргузор гардид, баёнгари он аст, ки Тоҷикистон дар заминаи мубориза бар зидди ифротгароии динӣ бетараф набуда, яке аз ташаббускорони ба роҳ мондани ҳамкориҳои қавӣ бо кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ мебошад, ки заминаи онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузоштаанд.

Дар конфронси мазкур фаъолияти яке аз гурӯҳҳои тундрав, ки худро бо номи «Давлати исломӣ» муаррифӣ карда, дар сатҳи ҷаҳон ба иҷрои амалҳои ғайриинсонӣ ва ғайриисломӣ машғул аст, аз тарафи иштироккунандагон мавриди интиқоди шадид қарор гирифт. Ба андешаи мо, ин гуфтаҳо маънои онро доранд, ки созмонҳои террористӣ ва ифротгароӣ имрӯз мекӯшанд, ки дастовардҳои навтарини технологияи иттилоотиро ба манфиати ғаразноки худ, хосса, барои ба худ кашидани афкори ҷомеа, бахусус, ҷавонон истифода намоянд. Онҳо аз шабакаи ҷаҳонии иттилоотии интернет, воситаҳои телекоммуникатсионӣ, телевизион ва рӯзномаву маҷаллаҳо ҳамчун аслиҳаи асосии таблиғотӣ истифода бурда, мехоҳанд ҷомеа ва, бахусус, ҷавононро гумроҳ намоянд. Бино бар ин, дар замони мо, ки муборизаи иттилоотӣ аҳаммияти бештар пайдо мекунад, таъмини амнияти иттилоотӣ яке аз вазифаҳои муҳимми давлат дар шароити муосир маҳсуб меёбад.

Мутаассифона, имрӯз бархе аз ҷавонони ноогоҳ ва гумроҳи мо низ баъзе амалҳои номатлуб, ба монанди ифротгароӣ ва хусумати мазҳабиро пайравӣ намуда, бо даъвати ашхоси иғвогару ҷиноятпеша барои иштирок дар муқовиматҳои мазҳабӣ ба хориҷ рафта, дигаронро низ мехоҳанд ба ин роҳи бад раҳнамоӣ намоянд. Чунин кирдорҳои ҷинояткорона муқобили манфиатҳои миллии мо буда, ҳимоя ва ё пешгири он имрӯз характери умумимиллӣ пайдо мекунад.

Қурбони терроризим дар ин ё он минтақа, асосан, ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили амали шахсони ифротгаро ва гурӯҳҳои террористиро биёмӯзанд ва барои дафъи он кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.

Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани падидаҳои номатлуб дар байни ҷавонон аз рӯи сатҳи пасти шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, ва хусусан, ҷавонон буда, боиси дохил шудани онҳо ба гурӯҳҳои ифротгаро мегардад.

Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат ва, хосса, падару модарро масъулияти азим мебояд, зеро аҳаммияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯза-терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад.

Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала, ки дарди рӯз мебошад, чунин ибрози андеша менамояд: «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».

Муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методии ДДТТ,
дотсент Қобил Толибов

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top